Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Восеъ. Чӣ гуна омӯзгори англисӣ мудири бунгоҳи тиббӣ шуд? ВИДЕО


Баъзе аз сокинон талаб доранд, ки мудири пешина дар мақомаш барқарор карда шавад

Таъини омӯзгори забони англисӣ ба мансаби мудири бунгоҳи тиббӣ дар як деҳаи ноҳияи Восеъ ҷанҷол барангехт. Мақомот тасмими худро дуруст мешуморанд. Сокинони деҳаи Эмомтаърифии ҷамоати Худоёр Раҷабов ҳар рӯз бо нишони эътироз дар назди бунгоҳи тиббӣ ҷамъ шуда, талаб доранд, ки мудири пешина дар мақомаш барқарор карда шавад.

Ҳоло дари бунгоҳи тиббӣ бастааст. Сокинон мегӯянд, ду моҳ боз аз хадамоти тиббӣ маҳруманд. Бархе аз ниёзмандон ба хонаи табиби барканоршуда мераванд. Ҳумайро Ҳафизова, сокини деҳаи Эмомтаэрифӣ, гуфт, “кӯдакамро ҳар рӯз бурда меорам. Бояд сузандору бигирад. Мегӯянд, ба деҳаи дигар баред.”

Зайниддин Ғиёсов
Зайниддин Ғиёсов

Мудири акнун собиқи бунгоҳи тиббӣ, Зайниддин Ғиёсов, вазъиятро ин гуна шарҳ дод: “Маро ҳамроҳи ду-се коргаре, ки собиқаи кории то 30-сола доштанд, маҷбурӣ аз кор ронданд. Як муаллимро монданд. Фаҳмонданд, ки мо чӣ қудрат дорем.”

Мақомот гуфтаанд, духтури деҳа бо шикояти сокинон барканор карда шуд. Хайриддин Сафаров, вакили деҳаи Эмомтаърифӣ, мегӯяд, “барои се нафар шуда, як деҳаро бе духтур гузоштанд. Се кас даъво кардааст. Дар деҳа 190 хоҷагӣ ҳаст, 1452 аҳолӣ. Ин миқдор одам бе табиб монданд.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Баҳси тарафдорони раиси нав ва пешини бунгоҳи тибии ноҳияи Восеъ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Таъин шудани як омӯзгор ба вазифаи мудири бунгоҳи тиббиро роҳбари шуъбаи Кумаки Аввалияи Тиббию Санитарии ноҳияи Восеъ дуруст мешуморад. Баҳовуддин Азиззода гуфт: "Мудири нав дипломи духтурӣ дорад. Фақат муаллим нест. Мо парвандаи ӯро омӯхтем. Дидем, ки дар байн чанд сол танаффус дорад, ба такмили ихтисос фиристодем.”

Ёқуб Шайдоев
Ёқуб Шайдоев

Мудири нав, омӯзгори забони англисӣ, Ёқуб Шайдоев таъйин шудани худро дуруст мешуморад. Ӯ гуфт, “ман ду маълумот дорам, ҳам тиббӣ ва ҳам омӯзгорӣ. Кори мудири пешина хуб набудааст. Мардуми деҳа хостанд, ки мо муаллимиро бас кунему дар бунгоҳи тиббӣ кор кунем.”

Аммо сокинон бараъкси гуфтаҳои Ёқуб Шайдоевро мегӯянд. Ба қавли онҳо, ӯро ба ин вазифа бо номае ба Вазорати тандурустӣ бародараш, Шариф Шайдоев, пешбарӣ кардааст.

Ҷанҷол масъулони тибби минтақаро ба деҳаи Эмомтаърифии ноҳияи Восеъ кашондааст. Бино бар натиҷаи санҷиши онҳо, 57 нафар барқарор кардани мудири пешинаро талаб доранд, вале маълум нест, мақомот қарори худро дигар хоҳанд кард ё не.

Дари бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Эмомтаърифии ноҳияи Восеъ бастааст
Дари бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Эмомтаърифии ноҳияи Восеъ бастааст

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG