Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик, Табрезшо Парпишоев, дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Табрезшо Парпишоев, паҳлавони тоҷик, рӯзи 14-уми ноябр дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар пойтахти Узбекистон ҷараён дорад, дар риштаи самбои размӣ дар вазни то 79 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Табрезшо баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Бадриддин Диани аз Марокаш ва Асламбек Кодзаев аз Русия ба нимфинал роҳ ёфт. Вале дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз рақиби узбекистониаш Фурқат Рӯзиев шикаст хӯрд ва барандаи медали биринҷӣ шуд.

Ин севумин медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд мебошад. Аз ин пеш Акмалиддин Каримов, паҳлавони номдори тоҷик, барои бори аввал ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мушарраф шуд. Вай 12-уми ноябр дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило мақоми аввалро касб намуд.

Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ варзишгар аз Русия Саян Хертекро шикаст дод. Ӯ пеш аз роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ бар рақибонаш аз Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ғолиб омада буд.

Акмалиддин, ки шогирди паҳлавони номдор ва мураббии варзида Муҳаммадшариф Сулаймонов мебошад, борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзида, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардидааст. Ниҳоят орзуи деринаи ин паҳлавони 30-сола дар шаҳри Тошканд ҷомаи амал пӯшид.

Ӯ баъди Саидмуъмин Раҳимов, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов чаҳорумин паҳлавон аз Тоҷикистон аст, ки дар риштаи самбои варзишӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Хушқадам Хусравов дар финал дар вазни то 64 кило аз рақиби қазоқистониаш Рахат Жананийет шикаст хӯрд ва барандаи медали нуқра шуд. Ӯ баъди 4 пирӯзӣ ба рақибонаш аз Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия ва Русия ба финал роҳ пайдо намуда буд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо ширкати варзишгарони 50 кишвар ҷараён дорад, Тоҷикистонро дар сабқати мардон оид ба самбои варзишӣ ба ҷуз аз Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, боз чаҳор нафар -Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни то 71 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 79 кило, Зафар Олимшоев дар вазни то 88 кило ва Фирдавс Насимов дар вазни то 98 кило намояндагӣ карда, аз медал бенасиб монданд.

Инчунин 12-уми ноябр дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 59 кило Шоҳида Қаландарова ширкат варзид. Ӯ ба рақобат аз даври 1/8-ниҳоӣ сар кард ва аз рақибаш Анда Валвои аз Руминия шикаст хӯрд.

Панҷ нафари дигар – Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Саидҷони Ҳайдар (-71 кг), Табрезшо Парпишоев (-79 кг) ва Фаридун Одилов (-88 кг) дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок карданд. Аз байни онҳо танҳо Парпишоев соҳиби медал шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд мардон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз рӯи ҳашт вазн - 52, 58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг, занон низ дар риштаи самбои варзишӣ аз рӯи ҳашт вазн - 48, 50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг - рақобат карданд.

Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 4 000 доллари ИМА, барои медалҳои нуқра 3 000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 2 000 доллари ИМА супурда шуд.

Зимнан, cоли 1975 паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода ин унвонро ба даст овард ва соли 2018 Хушқадам Хусравов ҳам қаҳрамони ҷаҳон гардид. Ҳамакнун Акмалиддин Каримов ҳам ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки соли гузашта дар шаҳри Нови-Сади Сербистон доир гардид, Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило бо медали нуқра, Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Натиҷаҳои беҳтаринро варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон соли 2017 дар шаҳри Сочии Русия, ки бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, ба даст оварда буданд. Дар ин мусобиқа гуштигирони тоҷик бо шумули 11 нафар панҷ медал - як тилло, ду нуқра ва ду нишони биринҷӣ - гирифта, дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Русия мақоми дуюмро касб намуданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Акмалиддин Каримов дар вазни зери 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Зафар Олимшоев дар вазни зери 82 кило медали биринҷӣ гирифт. Инчунин дар риштаи самбои размӣ Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

XS
SM
MD
LG