Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акмалиддин Каримов қаҳрамони самбои ҷаҳон шуд


Акмалиддин Каримов, паҳлавони номдори тоҷик барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мушарраф шуд. Вай шоми имруз, 12-уми ноябр дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд ҷараён дорад, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило мақоми аввалро касб намуд.

Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ варзишгар аз Русия Саян Хертекро шикаст дод. Ӯ қабл аз роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ бар рақибонаш аз Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ғолиб омада буд.

Акмалиддин ки шогирди паҳлавони номдор ва мураббии варзида Муҳаммадшариф Сулаймонов ба шумор меравад, борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзида, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардидааст. Ниҳоят орзуи деринаи ин паҳлавони 31-сола дар шаҳри Тошканд ҷомаи амал пӯшид.

Ӯ баъди Саидмуъмин Раҳимов, Беҳрузи Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов чаҳорумин паҳлавон аз Тоҷикистон аст, ки дар риштаи самбои варзишӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.

Паҳлавони дигар тоҷик Хушқадам Хусравов дар финал дар вазни то 64 кило аз рақиби қазоқистониаш Рахат Жананийет шикаст хӯрд ва барандаи медали нуқра шуд. Ӯ баъди 4 пирӯз ба рақибонаш аз Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия ва Русия ба финал роҳ пайдо намуда буд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо ширкати варзишгарони 50 кишвар ҷараён дорад, Тоҷикистонро дар сабқати мардон оид ба самбои варзишӣ ҳафт варзишгар – Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кило, Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кило, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни то 71 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 79 кило, Зафар Олимшоев дар вазни то 88 кило, Фирдавс Насимов дар вазни то 98 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни + 98 кило – намояндагӣ мекунанд.

Инчунин имрӯз, 12-уми ноябр, дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 59 кило Шоҳида Қаландарова ширкат варзид. Ӯ ба рақобат аз даври 1/8-ниҳоӣ сар кард ва аз рақибаш Анда Валвои аз Руминия шикаст хӯрд.

Шаш нафари дигар – Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Саидҷони Ҳайдар (-71 кг), Табрезшо Парпишоев (-79 кг), Фаридун Одилов (-88 кг) ва Олимхоҷа Олимов (-98 кг) - дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд мардон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз рӯи ҳашт вазн - 52, 58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг, занон низ дар риштаи самбои варзишӣ аз рӯи ҳашт вазн - 48, 50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг - рақобат мекунанд.

Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 4 000 доллари ИМА, барои медалҳои нуқра 3 000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 2 000 доллари ИМА супурда мешавад.

Зимнан, cоли 1975 паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода ин унвонро ба даст овард ва соли 2018 Хушқадам Хусравов ҳам қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки соли гузашта дар шаҳри Нови-Сади Сербистон доир гардид, Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило бо медали нуқра, Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG