Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ хотираи хабарнигори кушташудаашро гиромӣ дошт


Муҳаммад Илёс Дойӣ, хабарнигорӣ бахши афғонистонии Радиои Озодӣ буд.
Муҳаммад Илёс Дойӣ, хабарнигорӣ бахши афғонистонии Радиои Озодӣ буд.

Радиои Озодӣ хотираи хабарнигореашро, ки як сол пеш дар шаҳри Лашкаргоҳи Афғонистон кушта шуда буд, гиромӣ дошт.

Рӯзи 12-уми ноябри соли 2020 Муҳаммад Илёс Дойӣ, хабарнигори аршади бахши афғонистонии Радиои Озодиро дар наздикии манзили зисташ куштанд.

Ҷейми Флай, раиси Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ гуфт, "марги Муҳаммад Илёс Дойӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои фоҷеаборе буд, ки баъдан вазъият дар Афғонистонро тағйир дод”.

“Дойӣ қаҳрамони касби интихобкардаи худ буд ва ҳамчун намунаи беҳтарин барои Радиои Озодӣ боқӣ мемонад”,--гуфт ӯ.

Гиромидошти хотираи ин хабарнигор дар ҳолест, ки пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон Радиои Озодӣ дафтарашро дар Кобул баст ва аксари кормандонаш тарки Афғонистон карданд.

Соли гузашта дар мошини Муҳаммад Илёс Дойӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон бомб гузоштан ва ӯ дар пайи инфиҷори он кушта шуд.

Илёс Дойӣ 33-сола буд ва як духтар дошт.

XS
SM
MD
LG