Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфт, Қирғизистон дар рабуда шудани Орхан Инандӣ саҳм дорад


Кумитаи зидди шиканҷаи СММ гуфт, дар рабуда шудани Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия, Бишкек низ айбдор аст.

"Қирғизистон талаботи моддаи 3 Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмонаро иҷро накардааст. Ин модда талаб мекунад, "ҳеч кадом кишвари узви СММ набояд, шахсро ба кишваре ирсол ва ё таслим кунанд, ки эҳтимоли шиканҷа шуданаш мавҷуд аст". Дар робита ба нопадид шудани Орхан Инандӣ, Қирғизистон ба таври бояду шояд таҳқиқ анҷом надодааст", - омадааст дар изҳороти СММ.

Дар ҷаласаи Кумитаи зидди шиканҷаи СММ рӯзи 10 ноябр гуфта шуд, Қирғизистон ба кишваре табдил шудааст, ки дар ивази паноҳгоҳ додани афроди таҳти таъқиб онҳоро ба кишварҳояшон истирдод мекунад ва истирдодшудаҳо мавриди шиканҷа қарор мегиранд.

Орхан Инандӣ зодаи Туркия буда, соли 1995 ба Қирғизистон омад ва дар соли 2012 шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт кард. Вай роҳбари муассисаи байналхалқии таълимии "Сапат" буд. Шаби 1 июни соли 2021 Инандӣ нопадид шуд ва 5 июл президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, Инандӣ ба Туркия оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG