Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оромгоҳи Сид. Орзуҳои шикаста ва тақдири фоҷиабори паноҳҷӯён дар Аврупо. ВИДЕО


Муҳоҷирон дар Сербистон
Муҳоҷирон дар Сербистон

Дар 6 соли гузашта бештар аз якуним миллион муҳоҷиру паноҳҷӯ аз кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна худро ба Аврупо расонидаанд ва талош барои расидан ба зиндагии беҳтар ҳанӯз ҳам идома дорад. Аммо баъзе аз онҳо ба мақсади хеш намерасанд ва дар нимароҳи мақсуд ҷон медиҳанд.

Мақомоти Сербистон, як роҳи расидан ба Иттиҳоди Аврупо, марги 75 паноҳҷӯро дар солҳои охир сабт кардаанд. Аммо бовар меравад, теъдоди ҷонбохтагон бештар аз ин аст, зеро ҷасадҳои баъзе аз онҳо нопадид шудаанд.

Ман 20 маросими ҷанозаро баргузор кардаам, аммо мумкин теъдоди қурбониён бештар аз ин бошад. Фикр мекунам, аксари онҳо аз Афғонистон буданд. Теъдоди дигар шаҳрванди Сурия, Либия ва Эрон.
Имоми сербистонӣ

Дар оромгоҳи Сид дар Сербистон низ шумораи қабрҳои паноҳҷӯён бештар мешавад. Сиё Мустафопур, паноҳҷӯи эронӣ, мегӯяд, “ман ин одамонро намешиносам, аммо муҳоҷир ҳастанд, шояд аз кишвари худи ман бошанд. Муҳоҷират карданд ва дар роҳ мурданд. Дидани ин гӯрҳо барои ман сахт аст. Мо мехоҳем биравем, аммо ин фикрро мекунем, ки шояд мо ҳам бимирем. Духтари хурдам бо ман аст ва ман метарсам, ки бо мо ҳам чизе рух надиҳад."

Беш аз якуним миллион паноҳҷӯ аз соли 2015 то ҳол аз роҳҳои Балкан гузаштаанд. Аксари онҳо орзу доштанд, ба Аврупо бирасанд, аммо ҳама ба мақсад нарасиданд.

Эҳсонуллоҳи Аликузай паноҳҷӯи афғон аст, ки ҳангоми сафар аз тариқи Эрон дар роҳ дӯсташро аз даст додааст.

“Роҳи хеле душвор буд, вақте ба қуллаи кӯҳ расидем, яке аз дӯстонам поин афтод. Вақте наздикаш рафтем, ҷон дода буд. Чанде аз дӯстонам акс гирифта, ба хонаводааш фиристоданд. Баргардондани ҷасад ба кишвар номумкин буд, барои ҳамин дар ҳамон ҷо дафн кардем. Дар атрофи гӯраш санг гузоштем, барояш дуо кардем ва ба роҳамон идома додем. Воқеан хеле сахт гузашт", -- нақл кард ӯ.

Хастагӣ, беморӣ, тасодуф дар роҳ ва ғарқшавӣ аз омилҳои асосии марги паноҳҷӯён аст. Бемории COVID-19 низ ҷони теъдодеро гирифтааст. Анас, паноҳҷӯ аз Сурия, мегӯяд, “ҳамсарам ва падару модари ҳамсарам дар роҳ ҷон доданд. Бемор буданд, шояд ба СOVID мубтало шуданд. Ҳудуди якуним ё ду моҳ пештар. Ба ҳамин далел мо ниқоб мепӯшем, зеро метарсем.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Орзуҳои шикаставу сарнавиштҳои пурфоҷеаи паноҳҷӯён дар Аврупо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Як гурӯҳи имдодӣ бо номи “Ошпазхонаи беном” барои муҳоҷирони ҷонбохта маросими фотиҳа баргузор мекунад. Дар соли 2020 барои адои эҳтиром ва дуо дар ҳаққи Муҳаммад, шаҳрванди Сурия, ҷамъ омаданд.

Анке Вандерет, намояндаи “Ошпазхонаи беном”, гуфт: "Ӯ дар наздики истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Сид даргузашт. Барои адои эҳтиром бо дӯстонаш аз урдугоҳи муҳоҷирони Принсиповач, ки аз инҷо чандон дур нест, ҷамъ шудем. Ҳамчунин ин маросими ёдбудро барои хонаводааш баргузор мекунем. Ба ҳамин далел навор мегирем, то ба хонаводааш бифристем ва ба онҳо бигӯем, ки бекас нест ва агар онҳо инҷо нестанд, мо Муҳаммадро бе маросими ёдбуд намегузорем."

Мақомоти Сербистон мегӯянд, талош мекунанд, бо хонаводаҳои қурбониён дар тамос шаванд. Аммо ҷасади паноҳҷӯёнро бисёр кам ба хонаводаҳояшон месупоранд. Қосим Златич, имоми маҳаллӣ, маросими ҷанозаи паноҳҷӯёнро баргузор мекунад.

Ӯ гуфт, “ман 20 маросими ҷанозаро баргузор кардаам, аммо мумкин теъдоди қурбониён бештар аз ин бошад. Ман ба ҷануб ва шимоли Сербистон намеравам. Фикр мекунам, аксари онҳо аз Афғонистон буданд. Теъдоди дигар шаҳрванди Сурия, Либия ва Эрон."

Ҳазорон паноҳҷӯ дар урдугоҳҳо ва марказҳои дигар дар Сербистон зиндагӣ мекунанд, чун марзҳои Иттиҳоди Аврупо ба рӯи ҳамаи онҳо баста аст. Бо ин ҳам теъдоди зиёди паноҳҷӯён ҷони худро дар хатар гузошта, аз талош барои расидан ба зиндагии беҳтар даст намекашанд.

XS
SM
MD
LG