Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, паноҳҷӯёни афғон осон ҳаққи иқомату кор хоҳанд гирифт


Паноҳҷӯёни афғон дар ИМА
Паноҳҷӯёни афғон дар ИМА

Вазорати амнияти дохилии Амрико 8-уми ноябр гуфт, ба афғонистониҳое, ки нав ба ин кишвар ворид шудаанд, қоидаҳои сабуки дарёфти ҳаққи зистро фароҳам хоҳанд кард.

Аз моҳи августи имсол, замони вожгун шудани ҳукумати пешинаи Афғонистон ва ба қудрат расидани “Толибон”, тахминан 70 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба Амрико расиданд.

Дар изҳороти Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфта шудааст, афғонистониҳое, ки рӯзи 30-юми август ё баъди он ба Иёлоти Муттаҳида расиданд, аз роҳи осон ҳаққи иқомату корро дарёфт хоҳанд кард.

Онҳо, инчунин, аз пардохти ҳазорҳо доллар андозу хароҷот барои таҳияи ҳуҷҷатҳояшон озод мешаванд.

Алеҳандро Майоркас, раиси Вазорати амнияти дохилии Амрико, дар изҳороташ гуфт, бо ин имтиёзҳо “мо дари имкониятҳоро ба рӯи муттафиқони афғонистониамон боз ва ба онҳо дар барқарорсозии босуръати зиндагиашон мусоидат мекунем”.

Ӯ афзуд, ин иқдомҳо “уҳдадории моро дар баробари он мардуми Афғонистон намоиш медиҳад, ки барои Амрико дар давоми бист соли гузашта кумаки арзишманд кардаанд”.

Дар моҳи августи имсол аз Кобул беш аз 120 ҳазор нафар, аз ҷумла даҳҳо ҳазор дипломату хориҷиҳо берун бурда шуданд. Бисёре аз онҳо маҷбур буданд, ба хотири наҷоти ҷонашон аз режими “Толибон” аз ин кишвар берун раванд, чунки ин гурӯҳ ҳамкорони хориҷиҳову низомиёни нирӯҳои байнулмилалиро дар гузашта ҳадаф қарор додааст.

XS
SM
MD
LG