Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷикро ба Қирғизистон роҳ надоданд. Киҳо? ВИДЕО


Донишҷӯёни тоҷик боз саргардон шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Донишҷӯёни тоҷик боз саргардон шудаанд

Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Қирғизистон иддао доранд, ки бо вуҷуди талошҳои зиёд наметавонанд вориди Қирғизистон шаванд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд тарафи Қирғизистон ба қабулашон изҳори омодагӣ кардааст, тарафи Тоҷикистон бо зикри набудани кафолати бехатарӣ ба онҳо иҷозаи гузаштан аз марзро намедиҳад.

Файзиддин Бобоев, як тан аз донишҷӯён, ки бояд барои таҳсил ба Қирғизистон мерафт, гуфт, онҳоро иҷоза надоданд, ки сарҳадро убур кунанд. “Дар сарҳади Тоҷикистон гуфтанд, ки мо ҳоло фармон надорем ва гузаштан мумкин нест. Агар қирғизҳо таъмини бехатарии шуморо кафолат диҳанд, баъд иҷозаи гузаштан медиҳем. Боз дигар донишҷӯёни аз мо калонтар ҳастанд, дар ноҳияи Лахш, ки онҳо низ ҳоло дар хона мунтазири рафтан ҳастанд”,--гуфт ӯ.

Донишҷӯён мегӯянд, ба онҳо аз донишгоҳҳояшон хабар дода ва гуфтаанд, ки роҳашон барои омадан боз шудааст ва бояд дар дарсҳо иштирок кунанд.

Шоҳрӯзахон Зойирова, муҳассили соли дуввуми Донишгоҳи тиббии Қирғизистон ва зодаи ноҳияи Лахши Тоҷикистон аст. Ба қавли ӯ, марз аз ҷониби ноҳияи Лахш, ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, то ҳанӯз боз нашуда ва барои убури марз ба шимоли Тоҷикистон омадааст. “Онҳое, ки миллаташон қирғиз аст бе мушкил мераванд, вале ба мо тоҷикон иҷозат намедиҳанд. Моро аз маорифи ноҳияи Лахш ба инҷо равон карда ва гуфтанд, ки аз ин тараф гузашта метавонем. Ду ҳафта пеш омадам, гузашта натавонистем ва баъд як рӯз пеш ҳам рафтем, нашуд”,--гуфт ӯ.

Охири моҳи гузашта хадамоти матбуоти Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Қирғизистон хабар дода буд, ки донишҷӯёни зодаи Тоҷикистон метавонанд барои иштирок дар дарсҳояшон аз марз гузаранд. Тибқи қоида номи онҳоро дар мактуби махсус марзбонҳои ду ҷониб дастрас мекарданд ва барои убури сарҳад монеа пеш намеомад.

Неъматуллоҳ Азимов, мегӯяд писараш Ҳаётулло Азимов, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи Манаси Қирғизистон натавонист аз марз гузарад. “Ҷониби Қирғизистон ба кормандони сарҳадаш мактуб равон карда будаст, ки ба донишҷӯёни донишгоҳи Манас ҳаққи гузаштан дода шавад. Вале ҷониби Тоҷикистон намонда истодааст, ки агар ҷониби дигар кафолати бехатарии шуморо диҳад пас мемонем гуфта”,--гуфт ӯ.

Ба гуфтаи онҳо даҳҳо донишҷӯи дигар низ бо ин мушкил рубарӯянд ва ҳанӯз ҳалли он пайдо нашудааст.

Неъматулло Азимов, падари Ҳаётулло Азимов гуфт, тавассути Узбекистон ҳам талоши рафтан ба Қирғизистонро карданд, вале натиҷа надод.

Ҳукумати Қирғизистон 21-уми октябр эълон кард, ки бозгашти чунин донишҷӯёнро истиқбол мекунад ва ин яке аз тасмимҳои аввалини Девони нави вазирон буда, оғози “ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои бародар" аст.

Роҳи донишҷӯёни тоҷикистонӣ ва умуман шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон 21-уми майи имсол зимни задухӯрди хунин дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон баста шуд. Дар ин даргирӣ даҳҳо нафар аз ду ҷониб куштаву захмӣ ва хонаву иншоот сӯхтаву вайрон шуданд.

Тибқи омори мақомоти Қирғизистон, дар соли хониши 2020-2021 дар он кишвар тақрибан 2 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекард.

XS
SM
MD
LG