Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори гирифторон ба КОВИД-19 дар ҷаҳон ба наздики 250 млн нафар расид


Тибқи гузоришҳо, шумораи гирифторон ба КОВИД-19 дар саросари ҷаҳон ба наздикии 250 миллион нафар расид. Хабаргузории "Рейтерз" менависад, ки омори миёнаи гирифторӣ ба ин беморӣ дар се моҳи ахир 36 дарсад коҳиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, тайи ин муддат бинобар паҳн шудани "Делта" -- навъи дигари КОВИД-19, панҷоҳ миллион нафари дигар низ ба коронавирус мубтало шудаанд.

Мутахассисон ба ин бовар ҳастанд, ки бисёре аз кишварҳо ба хотири он, ки шаҳрвандонашонро ба таври густурда ваксина карданд, ин бемориро пушти сар гузаронданд. Бо ин ҳол, фаро расидани фасли сармо ва таътилот ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки мавридҳои гирифторӣ ба ин беморӣ афзоиш ёбад.

Ба ғайр аз ваксиназанӣ, ба назар мерасад, ки табибон акнун роҳҳои беҳтареро барои табобати КОВИД-19 доранд. Рузи панҷшанбеи гузашта Бритониё ба унвони аввалин кишвари ҷаҳон ҳаб ё таблеткаи зидди вирусро таъйид кард. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ин ҳаб эҳтимол маргу мир ё бистарӣ шудан ба хотири КОВИД-19-ро то нисф коҳиш медиҳад.

Ширкати Pfizer ҳаби (таблетка) дигареро тавлид кардааст, ки тибқи гузоришҳои ин ширкат, мавридҳои хатарноки гирифторӣ ба КОВИД-19, бистарӣ шудан ва фавти беморонро то 89 дарсад коҳиш медиҳад.

Тибқи гузоришҳо, ҳолатҳои гирифторӣ ба КОВИД-19 дар 55 кишвари дунё ҳамчунон ру ба афзоиш аст ва дар ин миён Русия, Украина ва Юнон рекордҳои навро сабт кардаанд.

Аврупои шарқӣ дар он минтақа аз ҳама камтар васкина гирифтааст. Беш аз ниме аз мавридҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар саросари ҷаҳон ба кишварҳои аврупоӣ рост меояд. Ҳар чаҳор руз дар кишварҳои аврупоӣ як миллион нафар гирифторӣ КОВИД-19 мешаванд.

Беш аз ниме аз аҳолии ҷаҳон ҳануз як воя ваксинаи зиди КОВИД-19 дарёфт накардаанд. Дар ин миён сокинони кишварҳои фақир ниҳоят кам ваксина гирифтаанд. Аз ҷумла, дар бархе кишварҳо ҳамагӣ 5 дарсади аҳолии он як воя ваксина гирифтаанду халос.

XS
SM
MD
LG