Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод фишорҳо ба насбкунандагони VPN афзоиш меёбад


Мақомоти Туркманистон имрӯзҳо фишор ба мутахассисони насбкунандаи барномаи VPN ва филтршиканҳо (анонимайзерҳо)-ро пурзӯр карда, маҳдудияти дастрасӣ ба манбаи мустақили иттилоъро сахттар менамоянд.

Ин иқдомҳо дар пасманзари афзоиши шумораи интиқодгарон аз сиёсатҳои ҳукумати Туркманистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд.

Ба иттилои бахши туркмании радиои озодӣ, мақомоти Ишқобод аз ибтидои ҳафтаи гузашта талошҳо барои муайян кардани мутахассисонеро пурзӯр кардаанд, ки барномаи VPN ё филтршиканҳо (анонимайзерҳо)-ро насб мекунанд.

"Вақте VPN-ро насб кардам, Интернет хомуш шуд. Ду рӯз баъд маро ба шуъбаи пулис даъват карданд. Ман дар аввал талаб кардам, ки даъватномаи расмӣ биоранд, вале корманди пулис таҳдид кард, ки дар сурати ихтиёрӣ нарафтан аз неру кор хоҳад гирифт",-гуфт як сокини 30-солаи пойтахти Туркманистон.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ӯро дар шуъбаи пулис корманди Хадамоти амнияти милли Туркманистон мунтазир будааст. "Ӯ ба ман нишон дод, ки кай барномаи мазкурро пайваст карда будам ва пурсид, ки чаро аз он истифода мекунам. Ман гуфтам, ки барои ворид шуданд ба YouTube ва тамошо кардани мусиқиҳо насб кардаам. Сипас хост, ки баёнот навишта, номи мутахассисеро гӯям, ки барномаро насб кардааст",-афзуд вай.

Ба гуфтаи сокинон, мутахассисони насбкунандаи барномаи VPN-ро низ ба шуъбаи пулис даъват карда, таҳдид мекунанд, ки дар сурати даъвати такрорӣ аз худашон "бояд гиламанд шаванд".

XS
SM
MD
LG