Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия гирифторони КОВИД-19 кам нашуданд


Яке аз марказҳои табобати гирифторони КОВИД-19 дар Русия
Яке аз марказҳои табобати гирифторони КОВИД-19 дар Русия

Мақомоти Русия гуфтанд, ки бо вуҷуди эълони ҳафтаи ғайрикорӣ гирифторӣ ба коронавирус коҳиш наёфтааст. Дар 24 соати охир 41 ҳазору 335 нафар ба ин вирус гирифтор шудаааст ва ҳазору 180 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Мақомоти Русия аз 30-уми октябр то 7-уми ноябрро ҳафтаи ғайрикорӣ эълон карда буданд.

Оморҳо нишон медиҳад, ки маҳдудиятҳо ва бастани аксари ҷойҳои ҷамъиятӣ натиҷаи зиёд надодааст.

Аз моҳи август ба ин тараф дар Русия гирифторӣ ба коронавирус афзоиш ёфтааст. Аз ибтидои панедмия то кунун дар Русия 8,7 миллион нафар ба коронавирус сироят ёфта ва 245 ҳазор нафар фавтидааст.

XS
SM
MD
LG