Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдгор Файзов: Ҳеч кас дар мансаб якумрӣ нест. САДО, ВИДЕО


Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов пас аз барканорӣ аз мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки фармони аз кор рафтан барояш ғайриинтизор набуд, “чун ҳеч кас дар мансаб якумрӣ намемонад”. Аммо афзуд, аз ин ки ба қавли худаш “бе ягон хатои ҷиддӣ” меравад, хушҳол аст.

Файзов соли 2018 раиси вилояти Бадахшон таъин шуда буд. Ҳоло ба ҷойи ӯ Алишер Мирзонаботовро оварданд, ки то ин дам дар мақоми раиси шаҳри Хоруғ ва пеш аз он дар мансаби муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Радиои Озодӣ дар оғози суҳбат аз Ёдгор Файзов пурсид, ки хабари барканорияшро кай ва чӣ гуна фаҳмид.

Ёдгор Файзов: Имрӯз фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад. Як ҳайат ба раҳбарии Асадулло Раҳмон аз Душанбе омада, моро дар ин бора хабардор кард. Вазифаро ба раиси нав супоридем.

Радиои Озодӣ: Ҷузъиёт дода метавонед, ки дар фармон сабаби аз вазифа гирифтан чӣ гуфта шудааст?

Ёдгор Файзов: Дар онҷо чизе нанавиштаанд. Ҳоҷати навиштан ҳам нест. Таъин ё озод шуд, тамом.

Радиои Озодӣ: Аз ҳайати Душанбе ҳам сабабашро напурсидед?

Ёдгор Файзов: Не. Инҷо ҷойи пурсиш нест. То даме, ки вазифа ҳаст, кор мекунед, рӯзу соаташ расид, месупоред.

Алишер Мирзонаботов
Алишер Мирзонаботов

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, ин тасмим барои Шумо ногаҳонӣ буд?

Ёдгор Файзов: Не, барои чӣ? Се сол кор кардем. Пешвои миллат вобаста ба ҳар давр ва вазъият тасмим мегирад, ки кӣ бояд дар куҷо бошад.

Радиои Озодӣ: Хабари барканориро чӣ гуна қабул кардед?

Ёдгор Файзов: Нағз қабул кардам. Як одам дар як вазифа умрбод намемонад. Ду, се ё чаҳор сол. Дар Бадахшон ин хел тинҷ рафтан аз вазифа ҳам кори содда нест. Ҳар кас орзу мекунад, ки бо сари баланд, бе хатои ҷиддӣ ва бидуни хиёнат ба давлату мардуми худ аз мақом биравад. Ҳамин қадар орзу доштем.

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки дар Бадахшон ором аз вазифа рафтан ҳам "гапи калон" аст. Чаро?

Ёдгор Файзов: Вақте ман раиси вилоят таъин шудам, соли 2018, чӣ вазъият буд? Бисёр вазнин буд. Амалиёти ҳарбӣ мешуд. Дар кӯча мошинҳои сиёҳшиша ва берақам бисёр буд. Чӣ қадар одам таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт. Яроқ буд. Ҳоло вазъият тамоман дигар аст. Бадахшони ором. Хоруғ тинҷ, обод ва пешрафта аст. Мардум меҳнат карданд, гулкорӣ шуд.

Бахше аз мусоҳибаро дар инҷо бишнавед:

Гуфтугӯ бо Ёдгор Файзов баъди фармони барканорӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, як сабаби асосии барканории Шумо ин аст, ки натавонистед ба вилоят сармояи зиёд ҷалб кунед. Дувум, ба ташкили пойгоҳ барои хидматчиёни Вазорати корҳои дохилӣ бо пули Пекин ва будани посгоҳи Чин дар Мурғоб мухолифат доштед

Ёдгор Файзов: Ҳарду фарзия дурӯғ аст. Дар масъалаи ҷалби сармоя хеле пешрафт кардем. Швейтсария ва сармоягузорони дигар ёрӣ карданд ва то ду-се соли дигар камчинии маблағ намешавад. Баъдан сармояро танҳо ман намеорам, ҳукумати марказӣ ва шарикони рушд ҳам меоранд. Дар масъалаи пойгоҳ ба касе чизе нагуфтаам. Фикре ҳам надоштем. Дар бораи пойгоҳ маълумоти зиёд ҳам надоштем. Ин аз салоҳияти ман берун аст.

Радиои Озодӣ: Ин нукта ҳам ҳаст, ки мегӯянд, рафтори нисбатан мустақилона доштед ва ин чандон ба Душанбе хушоянд набуд. Ба ин чӣ мегӯед?

Ёдгор Файзов: Дар масъалаҳои калидиву стратегӣ доимо бо Пешвои миллат ва сарвазир маслиҳат мекардам, дастур мегирифтам. Дар масъалаҳои хурд то ҷое, ки ҳаққи ман иҷоза медод ва фаҳмишам мерасид, мустақилона амал мекардам. Шояд дар масъалаҳои хурд куҷое зиёдаравӣ шудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Сабаби барканории Ёдгор Файзов чӣ буда метавонист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Шарҳҳоро бинед (19)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG