Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, 29 ноябр ба гуфтугӯҳои созиши ҳастаӣ бармегардад


Алӣ Боқирӣ
Алӣ Боқирӣ

Эрон тасмим дорад, 29-уми ноябр дар Вена, маркази Австрия, гуфтугӯҳоро бо кишварҳои абарқудрат дар мавриди созиши барномаи ҳастаии Теҳрон шуруъ кунад.

Санаи давраи нави гуфтугӯҳо бо ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо Энрик Морӣ телефонӣ мувофиқа шудааст. Дар ин бора Алӣ Боқирӣ, як масъули Вазорати корҳои хориҷии Эрон, иттилоъ дод.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, дар музокирот бо Эрон таҳти раисии Морӣ намояндагони Бритониё, Чин, Фаронса, Олмон ва Русия ширкат мекунанд.

"Мо ба гуфтугӯҳо бо ҳадафи бекор кардани таҳримҳои ғайриинсонӣ розӣ шудем", -- навишт Боқирӣ дар Твиттер. Расонаҳо навиштанд, манзури дипломати эронӣ таҳримҳоест, ки баъди берун шудани Вашингтон аз созиши ҳастаӣ дар соли 2018 Амрико нисбат ба Эрон ҷорӣ кард.

Ғарб Эронро ба омода кардани силоҳи ҳастаӣ гумонбар мекунад. Теҳрон ин гумонҳоро инкор мекунад.

XS
SM
MD
LG