Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати "Толибон" истифода аз пули хориҷиро дар Афғонистон манъ кард


Яке аз саррофиҳои шаҳри Кобул.
Яке аз саррофиҳои шаҳри Кобул.

Ҳукумати "Толибон" рӯзи сешанбе эълом кард, ки истифода аз асъори хориҷӣ дар Афғонистон манъ аст. Ин тасмими "Толибон" метавонад, ба таври қотеъ боиси варшикаста шудани иқтисоди ин кишвар шавад. Дар ҳоли ҳозир бо қатъи ногаҳонии кумакҳои байналмилалӣ, иқтисоди ин кишвар дар остонаи фурӯпошӣ қарор гирифтааст.

Ин иқдоми ногаҳонӣ ва ғофилгиркунандаи "Толибон" чанд соат пас аз он анҷом гирифт, ки рӯзи 2-юми ноябр дар ҳамлаи мусаллаҳона ба калонтарин бемористони низомӣ дар Афғонистон 19 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Дар баёния "Толибон", ки сухангӯи гуруҳ дар ихтиёри расонаҳо гузошт, омадааст, "шароити иқтисодӣ ва манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки ҳамаи афғонҳо дар додуситадҳои рузонаи худ аз пули миллӣ истифода кунанд".

Истифода аз доллари амрикоӣ дар бозорҳои Афғонистон бисёр роиҷ аст. Дар шаҳрҳои марзии Афғонистон низ умуман пули кишварҳои ҳамсоя, монанди пули миллии Покистон барои хариду фурӯш истифода мешавад.

Толибон дар садади озодсозии миллиардҳо доллар аз захираҳои Бонки марказии Афғонистон аст. Дар ҳоли ҳозир ин кишвар бо буҳрони пули нақд, хушксолии густурда ва мавҷи нави муҳоҷират рӯбару аст.

Афғонистон миллиардҳо доллар дороӣ дар хориҷ, аз ҷумла Бонки марказии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дорад, аммо аз замони сарнагунии ҳукумати пешин ба дасти Толибон, дороиҳои онҳо блок шудааст.

Аз чор се ҳиссаи хароҷоти Афғонистонро Амрико ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ таъмин мекарданд ва бо хуруҷи онҳо аз Афғонистон, ҳамаи ин кумакҳо қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG