Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни COVID дар Русия ва Руминия ба ҳадди рекордӣ расид


Яке аз бемористонҳои Русия.
Яке аз бемористонҳои Русия.

Русия 2-юми ноябр эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашти 1178 нафар дар ин кишвар бар асари COVID-19 ҷон ҷон бохтанд.

Бинобар ҳолати пешомада, мақомоти Русия аз 30-юми октябр то 7-уми ноябр дар саросари ин кишвар маҳдудиятҳои сахт ҷорӣ кардаанд.

Омори қурбониёни беморӣ дар Русия рӯзи 31-уми октябр 1161 нафарро ташкил медод. Мақомоти Русия ҳамчунин гуфтанд, дар 24 соати гузашта беш аз 39 ҳазор нафар дар ин кишвар ба бемории ҳамагир гирифтор шудаанд, ки аз он 5736 ҳолат дар Маскав сабт шудааст.

Дар Руминия -- як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, ки сокинони он аз ҳама камтар ваксина дарёфт кардаанд, мақомоти беҳдоштӣ 2-юми ноябр эълон карданд, ки дар 24 соати гузашта 591 нафар аз COVID-19 ҷон бохта, 11 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Дар Русия аз оғози пандемия то кунун 8,5 миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Мақомоти Русия шумораи умумии қурбониёнро 241 ҳазор нафар эълон кардаанд, ки миёни кишварҳои аврупоӣ аз ҳама бештар мебошад.

Шумораи қурбониёни ин беморӣ дар ҷаҳон аз ҳама бештар дар Амрико, Бразилия, Ҳинд ва дар сипас Русия сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG