Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ид барои хушҳолӣ ё таблиғи фарҳанги бегона. Ҷашни Ҳелловин дар Бохтар. АКС


Як гурӯҳ ҷавонон дар шаҳри Бохтар аз ҷашни Ҳелловин таҷлил карданд.
Як гурӯҳ ҷавонон дар шаҳри Бохтар аз ҷашни Ҳелловин таҷлил карданд.

Гурӯҳе аз ҷавонон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз ҷашни Ҳелловин таҷлил карданд.

Бархе ин ҷашнро барои тоҷикон бегона медонанд, вале гурӯҳи дигар онро як ид барои хушҳолӣ меноманд.

Ин ҷашнро ҷавонон рӯзи 30-юми октябр бо оро додани кадуҳо ва барномаи фарҳангӣ дар гӯшаи амрикоии шаҳри Бохтар, Қурғонтеппаи пешин ҷашн гирифтанд.

Наврасону ҷавонон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ҳар сол дар марказҳои дилхӯшӣ ва Гушаҳои фарҳангии Амрико иди Ҳелловинро таҷлил мекунанд.

Ҳелловин аслан иди англисҳост, ки аз асри 9 то инҷониб таҷлил мешавад, ҳарчанд дар тӯли асрҳо расму анъанаҳои ин ид такмил ёфта, тағйир хӯрдаанд. Муҳимтарин унсури ҷашн ин аст, ки иштирокдорони он шомгоҳон либосҳои ваҳмангези мухталиф мепӯшанд ва шодиву хурсандӣ мекунанд. Кадуи рангуборшуда ҳамроҳ бо шамъи фурӯзон, ки дар назди хонаҳо гузошта мешавад, рамзи дигари ин ид шумурда мешавад. Ҳикмати идро “дур кардани арвоҳи бад” ва “арҷ гузоштан ба зиндагиву хушиву хурсандӣ” медонанд.

Дар Тоҷикистон ҷашни Ҳелловин ҷонибдору мухолиф дорад. Мухолифонаш ба инанд, ки ин ҷашн миллӣ нест. Ҷонибдоронаш зидди мамнӯъ кардани ҳар гуна баҳонаи шодиву хурсандианд. Дар шсаҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии Радиои Озодӣ аксари корбарон онро ҷашни бегона номида, таҷлили онро кори дуруст намедонанд. Як корбар бо номи Сабоҳ дар Инстгарам навиштааст, ки бо баҳонаи Ҳелловин фарҳанги бегонаро таблиғ мекунем. "Мо худамон идҳои зиёд дорем, ки агар ҳамаи онҳоро ҷашн гирем, кифоя ҳаст",--навиштааст ӯ.

Бахтиёр, корбари дигар аз камтарин нафарони тарафдори ин ҷашн навиштааст, ки "ҳеҷ гап нест, як рӯз чанд ҷавон хурсандӣ кунад, чизе кам намешавад." Ӯ гуфтааст, бо як ҷашни Ҳелловин фарҳанги касе дигар намешавад, "муҳим иҷоза диҳанд, ки мардум хурсандӣ кунанд."

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон монеи таҷлили Ҳелловин шуда, мегуфтанд, "ин ид барои тоҷикон бегона аст". Соли 2014 кормандони пулиси шаҳри Душанбе монеи таҷлили ин ҷашн дар маркази дихушии Порт-Саид шуда, ҷавононро пароканда карда буданд.

XS
SM
MD
LG