Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Беларус чанд сарчашми хабарро дар он кишвар баст


Александр Лукашенко иддао дорад, ки дар интихоботи соли гузашта пирӯз шудааст, вале мухолифин ӯро ба тақаллуб гунаҳкор мекунанд
Александр Лукашенко иддао дорад, ки дар интихоботи соли гузашта пирӯз шудааст, вале мухолифин ӯро ба тақаллуб гунаҳкор мекунанд

Мақомоти Беларус дар идомаи афзоиши фишор болои расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар, дастрасиро ба шабакаҳои телевизионии "Мавҷи Олмон" (Deutsche Welle) ва "Настоящее Время" (Current Time) маҳдуд карданд. Телевизиони "Настоящее Время" аз ҷониби Радиои Озодӣ ва дар ҳамкорӣ бо "Садои Амрико" идора мешавад.

Вазорати иттилооти Беларус рӯзи 28-уми октябр гуфт, инчунин, ду сомона ва нашрияи "Новый Час"-ро барои гуё паҳн кардани матолиби "ифротгароёна" бастанд.

Корбарони Интернет хабар доданд, ки сомонаҳо ба таври маъмулӣ боз намешаванд, вале кушодани онҳо ба воситаи филтршикан (VPN)-ҳо имконпазир аст.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, иқдоми мақомоти Беларусро маҳкум кард ва ваъда дод, ки ба расондани иттилоот ба мардум идома хоҳанд дод.

"Кӯшишҳои режими Лукашенко барои ҷиноӣ кардани кори рӯзноманигорӣ беҳудуд аст. Ҳоло мардуми Беларусро боз аз як сарчашмаи мустақили хабар маҳрум карданд", -- афзуд Флай.

Фишор болои расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Беларус пас аз интихоботи ҷанҷолбарангези соли гузашта сахттар шуд. Александр Лукашенко иддао кард, ки баранда шудааст, вале мухолифон Светлана Тихановскаяро пирӯзи интоихобот номида, ба кӯчаҳо баромаданд.

XS
SM
MD
LG