Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Амрико рафтори низомиёнро дар Судон танқид кард


Эътирозгарон дар шаҳри Хартум, маркази Судон
Эътирозгарон дар шаҳри Хартум, маркази Судон

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, табаддулоти низомиро дар Судон “шикасти ҷиддӣ” номид. Ӯ гуфт, кишвараш дар канори эътирозгарон меистад, ки барои пуштибонӣ аз раҳбарони маданӣ ё ғайринизомӣ ба кӯчаҳо баромадаанд.

Байден дар эъломияе рӯзи 28-уми октябр гуфт, "паёми мо ба мақомоти низомӣ равшан аст, ки ба мардуми Судон бояд иҷозаи эътирози сулҳомез бидиҳад ва ҳукумати мулкиро дубора рӯйи кор оварад."

Дар зимн, понздаҳ узви Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хоҳони эҳёи ҳукумати Судон таҳти раҳбарии ғайринизомиён шудааст. Ҳукумате, ки дар аввали ҳафта суқут дода шуд.

Пас аз вожгунии ҳукумат ҳазорон нафар бар зидди генерал Абдуфаттоҳ Бурҳон, раҳбари табаддулоти низомӣ дар Судон ба кӯчаҳо баромаданд. Ин генерал гуфтааст, қудрати низомиро ба хотири пешгирӣ аз ҷанги дохилӣ дар Судон ба даст гирифт.

XS
SM
MD
LG