Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯшгоҳҳои Туркманистон нонро дар торикӣ мефурӯшанд


Навбатпоӣ барои нон дар Туркманистон.
Навбатпоӣ барои нон дар Туркманистон.

Фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон нонро субҳи барвақт мефурӯшанд, то дар торикӣ навбатпоии сокинон нанамояд.

Дар видеое, ки дастраси Бахши туркмании Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, садҳо сокини пойтахти Туркманистон, аз ҷумла кудакон соати 5 субҳ, 2,5 соат пеш аз тулуи офтоб барои харидани нон дар пушти дари фурӯшгоҳи давлатӣ навбат мепоянд.

Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон нонро назар ба фурӯшгоҳҳои хусусӣ чандин баробар арзон мефурӯшанд. Ин иқдом дар шароити буҳрони ғизоӣ ва болоравии нархи орд навбатпоиҳои тулониро дар назди фурӯшгоҳҳои давлатии он кишвар ба миён овардааст.

Буҳрони тулонии иқтисодӣ ва норасоии маҳсулоти ғизоӣ дар Туркманистон дар пасманзари пандемияи коронавирус тақвият ёфтааст. Аммо мақомоти туркман мушкили иқтисодӣ ва буҳрони ғизоиро дар кишварашон эътироф намекунанд. Дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ пайваста хабар дода мешавад, ки дар он кишвар солона 1 миллиону 400 ҳазор тона ғала истеҳсол мешавад.

XS
SM
MD
LG