Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷануби Қирғизистон сокинон зидди истихроҷи ангишт тазоҳурот карданд


Эътирози сокинони деҳаи Согондуи ноҳияи Алайи вилояти Ӯш.
Эътирози сокинони деҳаи Согондуи ноҳияи Алайи вилояти Ӯш.

Ҳудуди 200 сокини деҳаи Согондуи ноҳияи Алайи вилояти Ӯши Қирғизистон зидди коркарди як кони ангишт ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.

Яке аз эътирозгарон бо номи Миртемир Раҳмонбердиев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, сокинон зидди истихроҷи кони ангишти "Тайгак-Таш", ки дар 2,5-километрии деҳа ҷойгир аст, тазоҳурот намуданд. Ба гуфтаи эътирозгарон, коркарди кон муҳити зист ва обро ифлос мекунад.

Муовини раиси ноҳияи Алай Шерикбой Жапанов бо тазоҳургарон мулоқот кард. Раиси Согонду Килич Мусоев гуфт, бештари сокинони маҳаллӣ ду соли ахир зидди коркарди кони ангишти мазкур эътироз доранд.

XS
SM
MD
LG