Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи Бахтиёр Усмонов аз Русия. Додгоҳи Аврупо хоста буд, Маскав ба ӯ 11 ҳазор евро диҳад


Бахтиёр Усмонов

Бахтиёр Усмонов, як зодаи Тоҷикистонро, ки дар Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо алайҳи Русия пирӯз шуда буд, аз ин кишвар рондаанд.

Мақомоти Русия ӯро аз соли 2018 то 2020 бо гумони бо роҳи фиреб ба даст овардани шиносномаи он кишвар дар боздоштгоҳ нигоҳ доштанд. Додгоҳи Аврупо соли гузашта қарор кард, ки боздошти Бахтиёр Усмонови 44-сола беасос аст ва Русия шаҳрвандии ӯро барқарор карда, бар илова 11 ҳазор евро ҷуброн пардозад.

"Ба ҷойи додани товон, ӯро ронданд"

Абдуғанӣ Беҳнаев, тағои Бахтиёр Усмонов, рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия ба ҷойи иҷрои ин қарор ӯро 23-юми октябр аз вилояти Новгород ба Душанбе ихроҷ кардаанд, аммо бе ҳеч шарҳ. "Додгоҳи Аврупо исбот карда буд, ки ӯ ду сол дар боздоштгоҳи Русия бе ҳукм ва ғайриқонунӣ нигаҳ дошта шудааст ва бояд ҷуброни зарар бигирад. Дар иваз чунин рафтор карданд", -- гуфт ӯ.

Мақомоти Русия далели чунин бархурдашонро ошкор накардаанд. Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи мақомоти Русия то ин дам бенатиҷа буд.

Фарҳод Одинаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Аврупо, гуфт, "Русия собит карда натавонист, ки қарори Додгоҳи Аврупо нодуруст аст ва ӯро бо зӯр берун кард ва бо ҳамин масъулиятро аз сари худ соқит намуд." "Ихроҷи Бахтиёр Усмонов охири кор нест ва ин масъаларо дубора дар Додгоҳи Аврупо дар миён хоҳем гузошт", - афзуд Одинаев.

Вале мақомоти интизомии Русия бори аввал ӯро бо ин иттиҳом, ки гуё шаҳрвандии Русияро бо фиреб ба даст овардааст, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум ва дастгир карда буданд. Мақомот гуфтанд, ӯ ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ номи ҳамаи хешовандонашро дар ариза нанавиштааст.

Падар дар Тоҷикистон, зану фарзанд дар Русия

Бахтиёр Усмонов моҳи декабри соли 2020 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аризаро барои гирифтани шиноснома бо машварати кормандони идораҳои муҳоҷират пур карда буд. Баръакси дигар қазияҳо матбуоти Русия ҳам ӯро “шахси заҳматкаш ва падари хуб” муаррифӣ кардаанд, ки дар Новгород ба кишоварзӣ машғул буд ва бо зану ду фарзандаш бо нони ҳалол зиндагӣ мекард.

Бахтиёр Усмонов соли 2007 ба Русия рафта ва шаҳрвандӣ гирифтааст ва ҳоло маълум нест, ки зиндагии ӯ дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад. Вай ҳаққи бозгашт ба Русияро надорад, вале зану фарзандонаш дар онҷо мемонанд.

Усмонов аз ҷумлаи он шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар шаҳрванди Русия шуд ва ин кишварро маҳалли зисти доимии худ интихоб кард. Русия, ки бо мушкили кам шудани аҳолӣ ва хатари демографӣ рӯбарӯ аст, чанд барномаи соддасозии дарёфти шаҳрвандиро барои сокинони собиқи Шӯравӣ роҳандозӣ кардааст, вале ҳар вақте хост, санади онҳоро бекор мекунад.

Аз қазияи Каромат Шарифов то...

Барои мисол, Каромат Шарифов, раиси пешини Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, низ шаҳрвандии Русияро дошт, вале мақомоти рус моҳи декабри соли 2017 шаҳрвандии ӯро бекор ва худашро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта мешуд, ки сабаби ихроҷи Шарифов "бо тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия" аст. Аммо Каромат Шарифов то охир ихроҷашро аз Русия кори як гуруҳи ғаразнок медонист, ки фаъолиятҳои ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба ин гурӯҳ зарба мезад.

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар гузашта ҳам даъвоҳоеро ба зидди Русия ва бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Соли 2015 ҳамин додгоҳ давлати Русияро ба пардохти 25 ҳазору 500 евро товон ба шаҳрванди Тоҷикистон Наимҷон Ёқубов муваззаф карда буд, ки бар асоси сохтакориву тӯҳмат 5 солро дар зиндон паси сар кард.

Аз он пеш Ҳабибуллоҳ Насруллоев, раиси собиқи “Тоҷикматлубот”, ки дар соли 2003 бо дархости Душанбе дар Маскав барои қариб ним сол боздошт шуд; Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки дар соли 2004 аз Маскав ба таври асроромез ба Душанбе оварда шуд ва сокини Хуҷанд Абдураззоқ Ғаффоров, ки дар Маскав бо гуноҳи узвият дар “Ҳизби Таҳрир" 20 моҳро дар боздошт ба сар бурд, ба Русия пирӯз омаданд.

Вале дар баъзе ҳолатҳо Русия қарори ин додгоҳро нодида мегирад. Соли 2017 Саидмаъруф Саидов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, ки Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар истирдодашро аз Русия ба Душанбе манъ карда буд, дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда ва дар "зархаридӣ" муттаҳам шуд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG