Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеи шинохтаро дар Душанбе дафн карданд


Абдуқаюм Юсуфов
Абдуқаюм Юсуфов

Абдуқаюм Юсуфов, вакили шинохтаи тоҷикро рӯзи 25-уми октябр дар оромгоҳи "Сариосиё"-и Душанбе дафн карданд.

Ӯ ду рӯз пеш дар шаҳри Тамбови Русия бар асари фишорбаландӣ даргузашт. Худаш як рӯз пеш аз марг дар тамоси телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ "аз дарди дил" шикоят дошт. Юсуфов 61-сола буд.

Фаридун Юсуфов, писари ҳуқуқшинос, гуфт, тобути падарашро дар нимаи дувуми 24-уми октябр аз шаҳри Тамбов ба Душанбе оварданд. "Дар маросими видоъ хешовандони падарам ва ҳамкорону дӯстон ҳузур доштанд", -- афзуд ӯ.

Ҳамкоронаш даргузашти Абдуқаюм Юсуфовро бохти бузург донистанд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруф, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Абдуқаюм яке аз шогирдон ва ҳамкорони беҳтарин буд. Бо бисёре аз парвандаҳое машғул буд, ки дигарон ҷуръати машғул шудан бо онро надоштанд."

Юсуфов дар чанд парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла қазияи Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой), фармондеҳи пешини Горди Миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир вакили мудофеъ буд.

Ӯ замоне дар мақоми муовини раиси Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон – "Сипар" – кор кардааст. Ҷонибори ёрии ҳуқуқии ройгон ё бепул ба аҳолӣ буд ва мегуфт, ба кори адвокатҳо набояд танҳо аз назари фаъолияти тиҷоратии онҳо баҳогузорӣ кард.

XS
SM
MD
LG