Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон барои интихоби президенти оянда овоз медиҳанд


Яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар Тошканд
Яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар Тошканд

Дар Узбекистон имрӯз, 24-уми октябр, маъракаи овоздиҳӣ ба интихоботи президентии ин кишвар оғоз ёфт.

Яке аз номзадҳои калидӣ ба мақоми прзидентӣ Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии кишвар аст, ки бори дуюм дар ин маърака иштирок мекунад. Рақибони ӯ чандон чеҳраҳои шинохта нестанд ва бештар тарафдори президенти кунунӣ ҳастанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон, онҳоро танҳо барои намоиши демократия вориди майдон кардаанд.

Узбекистон, ки 35 миллион аҳолӣ дорад, аз замони истиқлолият, дар сӣ соли пеш, бори шашум аст, интихоботи президентӣ баргузор мекунад. Барандаи чор интихоботи гузашта дар ин кишвар Ислом Каримов буд, ки соли 2016 даргузашт ва ба ҷояш Шавкат Мирзиёев раҳбари ин кишвар шуд.
Бо дарназардошти саркуби озодандешон, набуди рақиби ҷиддӣ дар интихобот, коршиносон пешгӯи мекунанд, ки эҳтимол дубора Шавкат Мирзиёевро пирӯз эълон кунанд.

Дар сӣ соли охир маъракаҳои интихобот дар Узбекистонро созмонҳои байналмилалӣ ношаффоф унвон кардаанд.

XS
SM
MD
LG