Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи панҷуми "рекордӣ". Олудашавиҳо ба COVID-19 дар Русия афзоиш меёбад


Беморхонае дар Русия
Беморхонае дар Русия

Дар Русия мақомот рӯзи 23-юми октябр аз марги 1075 нафари дигар бар асари COVID-19 хабар доданд. Ин рӯзи панҷум аст, ки омори қурбониёни COVID-19 дар Русия рекордӣ мешавад. Мақомот қаблан эълон карданд, ки дар пешорӯи чунин вазъият маҳдудиятҳои навбатиро ҷорӣ мекунанд. Дар 24 соати гузашта дар Русия 37 ҳазор 678 нафари нав ба коронавирус олуда шудааст.

Мушкил ин аст, ки бо вуҷуди ин ки Русия аввал шуда дар бораи эҷоди воксинаи зидди COVID-19 хабар дод, то ҳол аҳолии ин кишвар барои эмшавӣ бар зидди коронавирус омода нест. Дарсади хеле ками мардум воксина гирифтаанд ва ҳамин чиз, ба назари мақомот, сабаби асосии афзоиши навбатии олудашавиҳо ба коронавирус дар Русия мебошад.

XS
SM
MD
LG