Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастрикин: "Қирғизҳову тоҷикон буданд, акнун краснодариҳо ҳам пур кардаанд"


Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия. Маскав, моҳи декабри соли 2019
Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия. Маскав, моҳи декабри соли 2019

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия, Александр Бастрикин, ҳангоми суханронӣ дар ҷаласае дар ниҳоди зери итоаташ муфаттишеро сахт танқид кардааст, ки аз шаҳри Анапа ба кор дар вилояти Ленингарди Русия омадааст.

Вебсайти 47news рӯзи 18-уми октябр сабти садои Бастрикинро нашр кард. Раиси Кумитаи тафтишоти Русия дар онҷо гуфтааст: “...Ҳамаро пур кардаанд. Аз як сӯ осиёиҳо зер мекунанд, аз сӯи дигар қирғизу тоҷикҳо, акнун краснодариҳо ҳам пур кардаанд. Баргашта бирав.”

Ба навиштаи 47news, моҷаро ба таҳқиқи як парвандаи ҷиноии марги марде дар вилояти Ленинград рабт доштааст. Ба бовари модари қурбонӣ, ӯро ҳамсари собиқаш ё рақибони тиҷоратиаш бо газ заҳролуд карда куштаанд, вале тафтишот як ҳодисаи нохуш будани онро исбот кардааст.

Модари 79-солаи қурбонӣ аз рӯйи муфаттиши 26-солаи Кумитаи тафтишот, Владислав Мегрелов, шикоят карда, ӯро ба таҳқиқи ноодилона гунаҳкор кардааст. Дар ҷаласаи 13-уми октябр Бастрикин ин қазияро ба баррасӣ гирифта, аз ҷумла бо худи Мегрелов ҳам суолу ҷавоб кардааст.

Сомонаи 47news бо овардани суханҳои Бастрикин ӯро “як шахси дағалгуфтор, бадмуомила, таҳқиркунандаи зердастон ва ҳам мансабдори ёвагӯву “бедаҳан” муаррифӣ кардааст.

Манбаъ менависад, чунин рафтори раиси Кумитаи тафтишот, бахусус таҳқири кормандони зинаҳои поёнӣ ба хотири намояндаи минтақаҳои дур аз марказ буданашон “кайҳост мояи эътирози баъзе аз шуъбаҳои минтақавӣ шудааст”.

Дар ҷаласа Бастрикин ба маводи парванда назар карда, аз Мегрелов мепурсад, ки кадом донишгоҳро хатм карда ва дар куҷо таваллуд шудааст. Вақте муфаттиши ҷавон мегӯяд, аз шаҳри Анапа омадааст, раиси Кумитаи тафтишот аз ӯ мепурсад: “Пас чаро (баъди хатми донишгоҳи Санкт-Петербург) гашта, ба Кубан нарафтӣ?”

Баъди ин ба арзёбии намуди зоҳирии Мегрелов пардохта, мегӯяд: “На, ӯ аз мо нест, петербургӣ нест, на аз рӯи рафтор ва на аз рӯи чеҳра” ва баъди ин ба муфаттиш пешниҳод кард, ки “баргашта назди казакҳо” равад ва ё “пешхидмати кӯчагӣ” шавад.

47news менависад, худи ҳамон рӯз ҳоли Мегрелов бад шуд ва ӯро аз дохили шуъбаи ноҳиявии Кумитаи тафтишот мошини Ёрии таъҷилӣ ба беморхона бурд.

Рӯзи 19-уми октябр дар вебсайти расмии Кумитаи тафтишоти Русия дар бораи ин қазия изҳороте нашр шуд. Дар изҳорот аз номи намояндаи расмии Кумита С.Петренко омадааст, Мегрелов, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноиро ба уҳда дошт, “муддати дароз ҳодисаи рухдодаро танҳо ҳамчун ҳодисаи нохуш арзёбӣ карда, хулосаҳои экспертизаро нодида мегирифт ва ба онҳо баҳогузорӣ намекард”.

Вале дар изҳороти Кумитаи тафтишот ҳеч ишора ва ё сухане дар бораи таҳқирҳои Батрикин бар асоси миллат ва ё маҳалли таваллуди шахс нашр нашудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва сиёсатшиносон дар Русия солиёни дароз аст, ки ба афзоиши эҳсоси бегонаситезӣ дар ҷомеаи ин кишвар ва ҳам вуҷуди чунин тамоюлҳо дар миёни мансабдорони баландпоя ишора мекунанд. Ба гуфтаи мунтақидони ҳукумат, баъди дар соли 2000-ум дар Русия сари қудрат омадани Владимир Путин, элитаи сиёсиву идории ин кишвар асосан аз ҳисоби зодагони шаҳри Санкт-Петербург - зодгоҳи президент ташаккул ёфтааст.

Интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ ин аст, ки маҳз дар давраи Путин дар Русия фаъолияти гурӯҳу созмонҳои бегонаситез афзоиш ёфт ва сиёсатмадорон шиори “Русия барои русҳо”-ро ба забон оварданд.

XS
SM
MD
LG