Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён ба муҳофизати Буддо "камар бастаанд", вале на ҳама ба ваъдаҳои "Толибон" бовар доранд. ВИДЕО


"Толибон" соли 2001 муҷассамаи Буддоро дар Бомиён шикастанд
"Толибон" соли 2001 муҷассамаи Буддоро дар Бомиён шикастанд

Мақомоти "Толибон" гуфтанд, ки аз намояндагони ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал, хостаанд, ба Афғонистон баргарданд ва корашонро барои муҳофизати осори бостонӣ, аз ҷумла пайкараҳои азими Буддо дар Бомиён идома диҳанд.

Пайкараҳои 1500-солаи Буддо соли 2001 "Толибон" бераҳмона нобуд карданд ва хашми ҷомеаи ҷаҳониро барангехтанд. Акнун мегӯянд, барои муҳофизати осори бостонии гаронбаҳо дар шаҳри Бомиён камар бастаанд.

Сайфурраҳмон Муҳаммадӣ, масъули "Толибон" барои ҳифзи Бомиён, гуфт, "мо ба ҳама ин итминонро медиҳем ва омода ҳастем, ки осори таърихии вилояти Бомиёнро ҳифозат бикунем. Ин осор мол ё моликияти шахсӣ набуда ва нест. Ин мол ё ҳаққи ҳама миллати Афғонистон аст, самара ва натиҷаи ҳама афғонистониҳо ҳаст. Ҳар тавоне, ки дорем, барои муҳофизати инҳо кор мекунем."

Нахуствазири "Толибон" Муҳаммад Ҳасан Охундро яке аз тарҳрезони асосии маҳви Буддо дар бист соли пеш медонанд.

Хабарнигори "Франс Пресс" аз намояндаи "Толибон" дар Бомиён пурсидааст, ки оё маҳви Буддо, ки яке аз бузургтарин ҷиноятҳо ба зидди осори бостонии башарият аст, кори дурусте буд?

Сайфурраҳмон Муҳаммадӣ гуфтааст: "Дар собиқ Иморати исломӣ, ки Буддоро шикастанд, ҳатман ба худ далеле доранд, кадом тавҷеҳе доранд. Ман дар бораи онҳо танқид ё эътирозе карда наметавонам, кадом гаперо гуфта наметавонам."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Толибон барои муҳофизати Буддо камар бастаанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

То кунун осори бостонии Бомиёнро бар асоси як тарҳи ЮНЕСКО, Муассисаи илму фарҳанги Созмони Милал тармиму муҳофизат мекарданд ва “Толибон” гуфтаанд, ки намояндагони созмон баргаранду нотарсида корашонро идома диҳанд. Вале на ҳама ба ваъдаҳои “Толибон” бовар доранд.

Бастиен Варостикос, бостоншиноси фаронсавӣ, мегӯяд, “идеологияи “Толибон” аслан боварибахш нест. Ин идеологияи маҳви пайкараҳо аст, ки мо дар гузашта дидем. Барои ҳамин, бояд эҳтиёткор бошем.”

Водии Бомиён дар қалби қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш борҳо шоҳиди таҷовузу ишғол ва ҷанг шудааст, вале Буддоҳои он, ки аз бузургтарин пайкараҳои Буддо дар ҷаҳон буданд, бо вуҷуди осеб дидан, қаду қомат ва сару сурате доштанд. Сару сурате, ки ба гуфтаи бостоншиносон, шояд дигар барқарор карда нашаванд.

Достони видеоӣ дар бораи он ки чӣ гуна "Толибон" муҷассами Буддоро шикастанд:

"Бомиён ҳамон аст, аммо ба ҷои Силсолу Шамома доғе дар дили кӯҳ монд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:52 0:00
XS
SM
MD
LG