Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини бонки марказии Эрон ба даҳ сол ҳабс маҳкум шуд


Валиуллоҳ Сайф дар замони ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ панҷ сол раиси бонки марказии Эрон буд
Валиуллоҳ Сайф дар замони ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ панҷ сол раиси бонки марказии Эрон буд

Додгоҳе дар Эрон раиси собиқи бонки марказии ин кишварро ба даҳ сол зиндон маҳкум кард.

Забеҳуллоҳ Худоиён, сухангӯи низоми қазоӣ ё додгоҳии Эрон, ба телевизиони давлатии он кишвар гуфт, Валиуллоҳ Сайф ба нақзи низоми нақдӣ ва қочоқи асъори хориҷӣ гунаҳкор шуд.

Аҳмад Арақчӣ, муовини Сайф, ба ҳашт сол ҳабс маҳкум гардидааст. Ҳашт нафари дигарро ба муддатҳои гуногун ба зиндон андохтаанд.

Валиуллоҳ Сайф дар даврони раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ муддати панҷ соли раиси бонки марказии Эрон буд.

Телевизиони давлатии Эрон гуфт, муттаҳамон 160 миллион доллар ва 20 миллион евроро ба таври ғайриқонунӣ ба бозор ворид карда буданд.

XS
SM
MD
LG