Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодагони Хоруғ дар дохилу хориҷ гуфтанд, ки маркази Бадахшон чӣ гуна бошад


"Хоруғ аз нигоҳи ман". Бо ин ном дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуне баргузор шуд, ки иштирокдорон идеяҳои худро дар бораи ояндаи шаҳри Хоруғ пешниҳод карданд. Созмондиҳандаҳо ваъда доданд, ки тарҳҳои беҳтаринро дар нақшаи куллӣ ё генералии шаҳр гунҷонда, дар ояндаи наздик амалӣ менамоянд.

Хоҳишмандон аз ҳар гӯшаву канор метавонистанд, дар ин озмун ширкат кунанд ва тасвир, акс, ёддошт, гузориш ё пешниҳодҳои дигари худро барои беҳбуди Хоруғ фиристанд. Барои беҳтарин пешниҳод 1000 доллар ҷоиза дар назар гирифта шуда буд.

Созмондиҳандагони озмун, ба гуфти худашон, интизор надоштанд, ки шумори иштирокдорон бисёр хоҳад буд. “Дар ду моҳ 101 пешниҳод дастрас шуд. Ҳар кадоме аз онҳо ҷолиб буд. Дар миёни онҳо моделҳои себуъдӣ (3D), рисолаҳои докторӣ, намояҳо ва филмҳо, тасвирҳои равғанӣ низ буд. Иштирокдорон аз кишварҳои гуногун – Амрико, Канада, Аврупо, Осиёи Марказӣ пешниҳод фиристодаанд”, - мегӯяд Полина Муниева, масъули равобити умумии ширкати "Идеа", ки озмунро ташкил кардааст.

Ба қавли ӯ, аз садучанд тарҳ понздаҳ лоиҳаро интихоб карданд.

Тарҳҳои беҳтарин

Се духтари донишҷӯ – Зуҳал Сӯҳроб, Ганҷина Ванҷова ва Муслима Ниёзмамадова, ки дар Канада таҳсил мекунанд, барандаи ҷои аввал шуданд.

Онҳо дар намояе бунёди сохтмонҳои иқоматии муосирро бо деворҳои сабз, полезу боғҳо барои парвариши сабзавоту мева дар кӯҳҳо, роҳандозии болобару фарозбарҳо барои кӯҳгардӣ, пиёдаравҳои сетабақа бар рӯи рӯд, тавлидот аз маводи маҳаллӣ, беҳбуди системаи омӯзиш ва корбурди обёрии қатраӣ пешниҳод кардаанд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мушкилоти демографии шаҳр ва роҳҳои ҳалли онҳоро дар комиксҳо нишон дода, ҷойи дувумро аз они худ карданд.

Зоҳир Шомусалламов, сокини шаҳри Хоруғ, пешниҳод кард, ки кӯҳдоманҳо бо торҳои филизӣ мустаҳкам карда шавад, то шаҳр аз сангрезӣ дар амон бошад. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки дастрасӣ ба рӯдхона озод бошад ва дар канори рӯд пайроҳаҳо барои дучархасаворӣ ва пиёдаравӣ сохта шаванд.

“Бисёре аз тарҳҳои пешниҳодиро дар сафарҳо ба Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дидем, бархеро дар Интернет ҷустуҷӯ кардем. Ин ҳама ба хотири он аст, ки шаҳри мо барои гардишгарон ҷаззобтару ҷолибтар ва барои сокинон роҳату бехатар бошад. Ин созаҳо ба сокинон умед мебахшанд ва ангезае барои созандагӣ барои насли нав мешаванд”, - мегӯяд Зоҳир Шомусаламмов.

Ҷойи сеюм насиби Хосият Икромова шуд, ки роҳандозии кишоварзии амудиро пешниҳод кард. Некрӯз Алибахшов тарҳи нави пул дар шаҳри Хоруғро пеш ниҳод, ки омехта аз услуби миллӣ ва дастовардҳои муосир аст.

Ҷалби аҳолӣ ба ҳамкорӣ

Озмун дар чорчӯби Барномаи рушди устувори шаҳри Хоруғ баргузор шуд.

Ба гуфтаи Ҳайдаршо Маъқулшоев, корманди Оҷонси муҳитзистии Оқохон, “ду пули пешниҳодшуда дар Душанбе таъйид шуда ва дар нақшаи куллии шаҳр гунҷонда мешаванд. Ҳоло масъалаи сармоягузории онҳо ҳал мешавад. Аммо пешниҳодҳо дар заминаи барқрасонӣ, бозёбии партовҳо, обрасонӣ, тарҳрезии шаҳр ва дигар масоил низ буданд. Мо ин пешниҳодҳоро муфассал таҳлил хоҳем кард ва ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гузориш пешниҳод хоҳем кард.”

Вай афзуд, "Барномаи рушди устувори Хоруғ" натиҷаҳои худро нишон медиҳад ва дар оянда метавонад, дар шаҳрҳои дигари Тоҷикистон низ татбиқ карда шавад.

Хоруғ маркази маъмурии вилояти Бадахшон бо аҳолии тақрибан 30 ҳазор дар баландии беш аз ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 18 шаҳр мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG