Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия дар як рӯз беш аз 1000 нафар аз КОВИД-19 фавтидааст


Як Маркази табобати беморони КОВИД-19 дар Русия
Як Маркази табобати беморони КОВИД-19 дар Русия

Мақомоти Русия рӯзи 16-уми октябр хабар доданд, ки дар як шабонарӯзи охир 1002 нафар аз КОВИД-19 фавтидаанд. Ин баландтарин омори фавти гирифторони КОВИД-19 дар Русия пас аз оғози пандемия аст.

Дар 24 соати гузашта низ беш аз 33 ҳазор нафар гирифторони КОВИД-19 сабт шудааст, ки ин ҳам баландтарин омор дар ин кишвар аст.

Аз оғози пандемия дар аввали соли 2020 то кунун дар Русия наздики 8 миллион нафар ба ин вирус сироят ёфтаанд ва беш аз 220 ҳазор нафар бар асари он фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG