Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Apple барномаи "Қуръони Маҷид"-ро бо дархости Чин пок кард


Барномаи китоби "Қуръони Маҷид"
Барномаи китоби "Қуръони Маҷид"

Ширкати "Apple" барномаи китоби "Қуръони Маҷид"-ро дар Чин дастнорас ва пок кард.

Ин барнома ба хотири хондан ва шунидани китоби Қуръон пешбинӣ шуда буд.

Пок шудани барномаи китоби Қуръонро сомонаи "Apple Censorship" мушоҳида кардааст, ки истифодаи барномаҳои ширкати "Apple"-ро дар кишварҳои гуногун пайгирӣ мекунад.

Дар ширкати мазкур ба Би-би-си гуфтаанд, ки барнома бо талаби мақомоти Пекин пок шудааст. Ба гуфтаи масъулони "Apple", мақомоти Чин дар ин борномаи мӯҳтавои хилофи қонун пайдо кардаанд, вале дақиқ нагуфтаанд, ки гап дар бораи чӣ ҳаст.

Пештар ин ширкат барномаи Инҷил, китоби муқаддаси масеҳиёнро низ пок карда буд.

Чин, кишварест, ки ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ, дар он озодиҳои мазҳабӣ маҳдуд мешаванд.

Аз ҷумла дар вилояти Шинҷони Чин хондани китоби Қуръон ва ибодат дар масҷид маҳдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG