Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон. Амрико гуфт, муҳлат ба поён мерасад.ВИДЕО


Файсал бин Фароҳон ва Энтонӣ Блинкен
Файсал бин Фароҳон ва Энтонӣ Блинкен

Талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон бештар шудааст. Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо барои гуфтугӯ бо мақомоти эронӣ ба Теҳрон рафтааст. Вазирони корҳои хориҷии Амрико, Исроил, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам дар Вашингтон мавзӯи созиши ҳастаӣ бо Эронро баҳс карданд. Қудратҳои ҷаҳонӣ аз даст ёфтани Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ нигаронанд, аммо мақомоти эронӣ ҳамвора инро рад карда гуфтаанд, барномаи ҳастаии ин кишвар танҳо ҳадафҳои сулҳомез дорад.

Энтонӣ Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, фурсати Эрон барои бозгашт ба музокироти атомӣ ҷиҳати эҳёи созиши атомӣ камтар мешавад. Ӯ рӯзи 14-уми октябр гуфт, агар Эрон аз бозгашт ба музокирот сарпечӣ кунад, Иёлоти Муттаҳида дигар гузинаҳоро барои монеъ шудан ба сохтани бомби атомӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ пеш мегирад. Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ба гуфтушуниди барномаи ҳастаияш бармегардад, аммо дақиқ нест, кай.

Ин масаъала рӯзи чаҳоршанбе мавзӯи асосии гуфтугуи Энтонӣ Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтоёнаш аз Исроилу Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд. Блинкен гуфт, ҳукумати Амрико дар 9 моҳи гузашта возеҳ кард, ки агар Эрон ба аҳдҳояш вафодор монад, Амрико ба созиш бармегардад. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, фурсат дар ҳоли расидан ба поёни худ аст.

“Ман санаи дақиқеро намегӯям, вале бо гузашти ҳар рӯз ва сарпечии Эрон барои музокираи самимӣ роҳрав кӯтоҳтар мешавад,”-гуфт Энтонӣ Блинкен.

Амрикову Исроилу Иморот масъалаи Эронро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Йаир Лапид, вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, Эрон дар остонаи дастёбӣ ба силоҳи атомист. Ба гуфтаи Лапид, “агар эрониён бовар кунанд, ки ҷаҳон барои сохти бомби атомӣ мамониати ҷиддӣ намекунад, онҳо аз пайи сохтани бомб мешаванд. “

Блинкен гуфт, ба бовари Амрико созиши атомии соли 2015 бо Эрон ҳамчунон як роҳи босамари бархӯрд бо чолишҳоест, ки Эрон эҷод мекунад. Аммо гуфт ӯ, Амрико омодааст, дар сурати саркашии Эрон аз як музокироти самимӣ гузинаҳои дигарро пеш гирад. Ба гуфтаи вазири исроилӣ, ҳамин гузинаҳо мавзуи асосии гуфтугуҳо буд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Арабистони Саудӣ рӯзи ҷумъаи 15-уми октябр хабар доданд, ки вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар дидор бо ҳамтои амрикоиаш дар хусуси барномаи ҳастаии Эрон музокирот кардааст.

Энтони Блинкен низ пеш аз оғози гуфтугӯ бо вазири корҳои хориҷии Арабистон гуфт, дар музокирот бо Файсал бин Фароҳон, масъалаҳои Яман, Эрон, энержӣ ва тағйироти иқлимро баррасӣ хоҳанд кард.

Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон
Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон

Гуфтугӯҳо дар масъалаи созиши ҳастаии Эрон дар ҳоле зиёд шудааст, ки ахиран намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо ба Теҳрон сафар кардааст.

Энрика Муро, масъули музокираи Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи эҳёи созиши ҳастаӣ дар Теҳрон аст то бо мақомоти эронӣ дар бораи оғози гуфтугуҳо суҳбат кунад. Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, мунтазири посухи Вашингтон ва Теҳрон аст, то барои ташкили даври нави гуфтугуҳо иқдом кунанд.

Амрико ва дигар қудратҳои ҷаҳонӣ чанд моҳ аст, ки бо музокирот дар шаҳри Вена мехоҳанд, созиши атомии соли 2015-ро эҳё кунанд. Аммо гуфтушунид ба бунбаст расида, бо назардошти омадани раҳбарони нав дар Эрон, ба гуфтаи баъзе коршиносон, ояндаи гуфтугуҳо хуб ба назар намерасад. Иброҳим Раисӣ раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки барномаи атомии Эрон сулҳомез ва таҳримоти Амрико зидди кишвараш роҳи наве барои оғози ҷанг аст.

XS
SM
MD
LG