Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҳазорон нафар ба тарафдорӣ аз Михаил Саакашвилӣ


Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҳазорон сокин ба ҷонибдорӣ аз президенти пешини ин кишвар Михаил Саакашвилӣ ба кӯча баромаданд.

Дар ибтидои моҳи октябр Саакашвилиро дар Тифлис боздошт ва ҳабс карданд.

Ба иттилои расонаҳо, дар ин гирдиҳамоӣ наздики 50 ҳазор кас ширкат кард. Бархе аз сокинон дар даст шиорҳои "Озодӣ ба Миша!", "Нест бод таъқиби сиёсӣ" доштанд.

Ника Мелия, ҳамсафи Саакашвилӣ паёми ӯро қироат кард. Саакашвилӣ дар паёмаш мухолифонро ба иттиҳод даъват карда, хостааст, рӯзи 30-уми октябр дар интихоботи такрорӣ ба номзадҳои ҳизби "Ҳаракати воҳиди миллӣ" раъй диҳанд.

Ҷамъомадагон аз мақомоти Гурҷистон озодии Саакашвилиро талаб карданд.

Саакашвилӣ рӯзи 1-уми октябр аз Украина ба Гурҷистон омад ва ҳамон рӯз боздошт шуд. Як рӯз баъди боздошти Саакашвилӣ дар Гурҷистон интихоботи порлумон доир гардид. Нисбати Саакашвилӣ бо айби убури ғайриқонунии марзи давлатӣ парванда боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG