Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 158 ҳазор муҳоҷири узбекистониро авф мекунад


Русия 158 ҳазор муҳоҷири узбекистониеро авф кард, ки вурудашон ба он кишвар манъ буд. Ин маънои онро дорад, ки муҳоҷирони мазкур метавонанд, дубора ба Русия раванд.

Авф шомили ҳоли шаҳрвандоне намешавад, ки бо қарори додгоҳ аз Русия депорт шудаанд.

Пештар аз ин мақомоти Русия аз камбуди неруи кории хориҷӣ хабар дода буданд. Ноиб-раиси шаҳри Маскав Владимир Ефимов гуфт, пойтахти Русия ба 200 ҳазор муҳоҷири меҳнатии иловагӣ ниёз дорад. Сергей Собянин, раиси шаҳри Москва дар навбати худ афзуд, камбуди муҳоҷирон боиси афзоиши сатҳи таваррум дар Русия шудааст.

Мақомоти Русия ахиран 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро низ авф ва заминаи вуруди дубораи онҳоро ба Русия фароҳам карданд.

XS
SM
MD
LG