Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар Узбекистон беш аз 2000 зиндонии мазҳабиро "пайдо кард"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумисюни Амрико дар умури озодиҳои мазҳабӣ рӯзи 13-уми октябр гузоришеро дар мавриди Узбекистон нашр кард. Дар гузориш омадааст, дар зиндонҳои Узбекистон бештар аз 2 ҳазор маҳбуси мазҳабӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Стив Свердлов, муаллифи гузориш, мегӯяд, аз ин шумора танҳо шахсияти 81 кас мушаххас шуда, аксари онҳо дар зиндон шиканҷаву таҳқир шудаанд.

Гузориши Кумисюни ИМА зери номи "Маҳбусони сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Узбекистон: бартарафсозии таҷрибаи таъқиб" нашр шудааст.

Дар гузориш омадааст, теъдоди дақиқи маҳбусони мазҳабӣ, маҳбусоне, ки барои ибодат дар Узбекистон зиндонӣ шудаанд, муддати тӯлоние барои рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ, ҳукумати ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва СММ маълум набуд.

Ҳукумати Узбекистон боре ҳам теъдод ва шахсияти зиндониёнро ошкор накардааст.

Дар гузориши Кумисюни ИМА омадааст, ки бисёре аз маҳбусонро дар ҷиноятҳое амсоли "талоши барҳам задани сохти конститутсионӣ", "ҳифз ва ё паҳнсозии адабиёти мамнуъ" ва "узвият дар гуруҳҳои мамнуи мазҳабӣ" гунаҳкор кардаанд.

Аммо, бино ба хулосаи кумисюн, далелҳои қонеъкунандае мавҷуд нест, ки гунаҳкории ин афродро собит созад.

Мақомоти Узбекистон мавҷудияти маҳбусони сиёсӣ ва мазҳабиро дар ин кишвар рад мекунанд.

Агар мехоҳед, ки хабару таҳлилҳои ҷолибро дар бораи Тоҷикистон бихонед, лутфан, замимаи Радиои Озодиро бигиред: Google Play; App Store
XS
SM
MD
LG