Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як "маҳбуси сиёсӣ" дар Қазоқистон пеш аз муҳлат озод шуд


Рӯзи 13-уми октябр Кенжебек Абишев, "маҳбуси сиёсӣ"-и Қазоқистон аз зиндон озод шуд. Мақомоти зиндон ӯро субҳи барвақт ба манзилаш дар ноҳияи Ҷамбили вилояти Алмато овардаанд.

"Зоҳиран мехостанд, ки аз ҷамъшавии одамон ва расонаҳо пешгирӣ кунанд", - гуфт Абишев дар суҳбат бо расонаҳо.

Рӯзи 27-уми сентябр додгоҳ дархости озодии пеш аз муҳлати Абишевро қонеъ кард. Абишевро бо айби "тарғиби терроризм" дар соли 2018 ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ Абишевро маҳбуси сиёсӣ унвон мекунанд. Аммо мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар ин кишвар зиндонии сиёсӣ мавҷуд нест.

XS
SM
MD
LG