Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қамчибек Тошиев ширкаташ дар як туйи баҳсбарангезро шарҳ дод


Қамчибек Тошиев

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) дар ҷаласаи порлумони кишвараш рӯзи 13-уми октябр ҳузураш дар як туйро шарҳ дод, ки онҷо муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов низ ширкат дошт.

Тошиев дар туйи раиси пешини шаҳри Ӯши кишвараш Таалайбек Сарибашев рӯзи 9-evb октябр ҳузур дошт, ки дар он туй Матраимов низ даъват шуда буд. Тошиев дар шарҳи ҳузури худ дар он туй гуфт, дар як соли охир КДАМ наздики 7,5 млрд сомро дар натиҷаи мубориза бо фасод ҷамъоварӣ кардааст.

"Шумо ба касоне, ки фасодкорӣ мекарданд, як калима ҳам гуфта наметавонистед, мо ҳамаи онҳоро ҳабс кардем. Сарфи назар аз он ки ҳамроҳ бо ман ба туй мераванд, агар фасодкорӣ кунанд, ҷазо медиҳем. Қирғизҳо одати ба туй рафтанро доранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ман бо онҳо дӯст ҳастам. Дар як соли охир бори аввал ба туй рафтам, бо Матраимов дар як миз нашиштам. Вале ҳатто агар мешиштам ҳам, кори баде намешуд. Вай 2 млрд. сом пардохт. Касе ӯро ҳимоят намекунад, агар қонуншикание кард, дубора пардохт мекунад", - гуфт Тошиев.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори туйи писари раиси пешини шаҳри Ӯш Таалайбек Сарибашев нашр шуд. Ин туй дар шаҳри Бишкек баргузор шудааст. Дар туй дар баробари мақомдорони кунунӣ ва пешини Қирғизистон Раимбек Матраимов низ ҳузур дошт.

Матраимови 49-сола солҳои 1997-2017 дар Хадамоти гумруки Қирғизистон кор кард. Солҳои 2015-2017 муовини раис буд. Номи вай борҳо дар таҳқиқотҳои журналистии бахши қирғизии Радиои Озодӣ, нашрияи "Клооп" ва Маркази таҳқиқи фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) зикр шудааст. Ӯро дар даст доштан дар низоми фасодолуд дар Хадамоти гумруки Қирғизистон гумонбар мекарданд.

Матраимов дар моҳи октябри соли 2020 дар фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор шуд. Вай ба буҷаи Қирғизистон 1 млрд 400 млн сом ва дар ҳаҷми 600 млн сом амволи ғайриманқул пардохт. Вай дертар дар додгоҳ айбҳои эъломшударо эътироф ва 260 ҳазор соми дигар ҷарима пардохт.

Моҳи феврали соли 2021 Матраимов дубора аз сӯи КДАМ бо гумони пулшӯӣ боздошт шуд. Рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ КДАМ таҳқиқи пешакӣ нисбати Матраимовро қатъ кард.

XS
SM
MD
LG