Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2,5 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ аз Олмон ба ИМА парвоз карданд


Урдугоҳи паноҳҷӯёни афғон дар ҳудуди пойгоҳи "Рамштейн"-и Олмон
Урдугоҳи паноҳҷӯёни афғон дар ҳудуди пойгоҳи "Рамштейн"-и Олмон

Масъулини пойгоҳи амрикоӣ дар Олмон гуфтанд, ки интиқоли мусофирони афғонистонӣ ба самти ИМА аз сар гирифта шуд ва аз 9 то 12 октябр нӯҳ ҳавопаймо бо паноҳҷӯёни афғонистонӣ пойгоҳро тарк карданд. Сухангӯи пойгоҳи ҳавоии Рамштейн гуфт, дар маҷмӯъ дар ин нӯҳ парвоз 2500 нафар берун бурда шуд. Чор ҳазор нафари дигар мунтазири парвоз қарор доранд, гуфт ӯ.

Сабаби чанд ҳафта боздошта шудани парвози ин паноҳҷӯён ба ИМА эмшавии онҳо бар зидди сурхакон ва дигар бемориҳо буд. Бар асоси муқаррароти тиббии ИМА, ҳар нафари воридшаванда ба ин кишвар бояд дар баробари эмшавӣ бар зидди коронавирус, чандин навъи воксинаи дигар, аз ҷумла, воксинаи зидди сурхакон, фалаҷ ва дигар бемориҳоро гирифта бошанд. Сухангӯи пойгоҳи Рамштейн гуфт, ки то имрӯз 28,5 ҳазор афонистониҳо ба самти ИМА ваё кишвари дигар ҳаракат кардаанд. Мадрид, пойтахти Испания ҳам кишвари қабулкунандаи паноҳҷӯёни афғон аст ва рӯзи 12 октябр 160 афғонистонии фироркарда аз режими “Толибон” дар канораҳои Мадрид ҷой дода шуданд.

XS
SM
MD
LG