Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 300 ҳазор муҳоҷири тоҷик ва узбекро афв кард


Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия гуфт, 300 ҳазор муҳоҷири узбек ва тоҷик, ки ҳаққи сафар ба ин кишварро надоштанд, афв шуданд.

Вале ин афв ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо қарори додгоҳ аз Русия ихроҷ гаштаанд, дахл нахоҳад дошт.

Ба гуфтаи Коженов, афв онҳоеро фаро мегирад, ки аз сӯи Вазорати корҳои дохилии Русия вурудашон ба қаламрави он кишвар манъ шуда буд.

Раванди афв аз 18-уми августи имсол оғоз гардида, аллакай маълумот дар ҳамаи бойгониҳо дастрас аст. Бинобар ин, бояд муҳоҷирон тавассути вебсайти Вазорати корҳои дохилии Русия номи худро тафтиш кунанд, то фаҳманд, ки ба рӯйхати авфшудаҳо ворид шудаанд ё не.

Тибқи омори Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон то кунун беш аз 270 ҳазор шаҳрванди ин кишвар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум буданд.

XS
SM
MD
LG