Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ҳайати аврупоӣ бо "Толибон" дар Қатар


Мулоқоти "Толибон" бо намояндагони Қатар. 9 октябр, Давҳа

Рӯзи 12 октябр дар шаҳри Давҳаи Қатар ҳайатҳои “Толибон” ва Иттиҳодияи Аврупо мулоқот мекунанд ва баробар бо ин, раҳбарони кишварҳои узви Гурӯҳи 20 кишвари пешрафтаи иқтисодӣ барои баррасии кӯмак, амният ва дигар масоили марбут ба Афғонистон ҷамъ мешаванд. Дар бораи гуфтугӯҳо бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии “Толибон” Амирхон Муттақӣ хабар дод. Ҳафтаи гузашта “Толибон” бо намояндагони ҳукумати ИМА аввалин бор баъди дар моҳи август ишғол шудани Афғонистон дидору гуфтугӯ карданд. Муттақӣ гуфт, ки Афғонистон мехоҳад “бо тамоми ҷаҳон равобити мусбат дошта бошад”. Ӯ гуфт, «Толибон» бовар доранд, ки «равобити байналмилалии бомувозинат” метавонад Афғонистонро аз бесуботӣ наҷот диҳад.

Ҷаласаи Гурӯҳи бистгона рӯзи 12 октябр бо мизбонии Итолиё ба таври фосилавӣ баргузор мешавад. Дар маркази таваҷҷӯҳи ин нишаст кӯмак, нигарониҳо аз ноамнӣ ва роҳҳои амни берун бурдани ҳазорҳо афғонистониҳои ғарбгаро аз Афғонистон хоҳад буд. Ба ин ҷаласа дабири кулли СММ Антонио Гутерреш ҳам ҳамроҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG