Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Узбекистон бо 6 миллион доллар "Ёдгории истиқлол" сохтаанд


Мақомоти Узбекистон харҷи "Ёдгории истиқлол"-ро, ки дар боғи "Узбекистони Нав" дар ноҳияи Кибраии вилояти Тошканд қомат афрохтааст, ошкор намекунанд.

Ҳукумати шаҳри Тошканд, ки фармоишгари сохтмон аст, иттилоъро дар бораи харҷи он ошкор накарда, танҳо хабар дод, ки онро ширкати туркие дар 63 рӯз сохт.

Боғи "Узбекистон Нав" ва "Ёдгории истиқлол" дар остонаи рӯзи истиқлоли он кишвар, моҳи сентябри имсол, аз сӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев кушода шуд.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон ба расонаҳо хабар дод, ки дар сохтмони ёдгорӣ наздики 6 миллион доллар аз буҷаи Узбекистон харҷ шудааст. Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти сохтмонӣ ва дарахтони боғ - ҳама аз Туркия оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG