Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Doing Business 2018” ва идомаи таҳқиқ. Мулоқоти навбатии СБП бо Георгиева


“Doing Business” гузориши муҳиме бар пояи арзёбии фазои соҳибкорӣ дар кишварҳои сайёра буд, вале дар паи моҷарои гӯё таҳриф шудани натиҷаҳои он ба фоидаи бархе кишварҳо, аз нашр монд. Таҳқиқ идома дорад
“Doing Business” гузориши муҳиме бар пояи арзёбии фазои соҳибкорӣ дар кишварҳои сайёра буд, вале дар паи моҷарои гӯё таҳриф шудани натиҷаҳои он ба фоидаи бархе кишварҳо, аз нашр монд. Таҳқиқ идома дорад

Ҳайати мудирони Сандуқи байналмилалии пул бо раиси иҷроияи ин ниҳод Кристалина Георгиева ва як ширкати мустақили бозрасӣ мулоқоти навбатӣ барпо кард, вале гуфт, ки ҳанӯз ҳеҷ тасмиме дар заминаи эҳтимоли аз мақомаш барканор кардани ин иқтисоддони булғорӣ гирифта нашудааст. Мавзӯи мулоқоту гуфтугӯҳо ба гузориши таҳлилии Бонки ҷаҳонӣ “Doing Business 2018” рабт дорад, ки Георгиева он замон дар ин ниҳод кор мекард. Дар изҳороти рӯзи 10-уми октябр СБП гуфт, ки ин навбат дар музокира як пешравие ҳосил шудааст. Ба навиштаи ин ниҳод, қарор аст мулоқоти дигаре ҳам бо Георгиева ва ширкати бозрасии WilmerHale барпо ва бархе “ҷузъиёт мушаххас шавад”. Шӯрои мудирон таъкид кардааст, ки хостори таҳқиқи амиқ, бетарафона ва ҳамаҷониба мебошад.

Ин хабар дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми сентябр дар як изҳороташ Бонки ҷаҳонӣ гуфт, ки аз ин ба баъд таҳияи гузориши маъруфи “Doing Business”-ро бекор мекунад, чун, як таҳқиқи бетарафона нишон додааст, ки дар таҳияи нашрҳои солҳои 2018 ва 2020-и ин гузориш номувофиқатҳое ошкор шудааст.

Георгиева рӯзи 16-уми сентябр гуфт, ки бо натиҷаҳои таҳқиқи гузориши соли 2018-и “Doing Business” “дар асл” розӣ нест. Георгиева пеш аз расидан ба мақоми раҳбари СБП мудири иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ буд.

Гузориши “Doing Business” ба вазъи соҳибкориву тиҷорат дар кишварҳо ва ислоҳоти иқтисодӣ баҳогузорӣ мекард. Таҳқиқот маълум намуд, ки Чин баъди дар соли 2017 ба мақоми 78-ум расиданаш шикоят кардааст. Таҳқиқ маълум кардааст, ки соли 2018 натиҷаҳои Чин бояд аз ин ҳам поинтар мешуд. Вале, тавре бозрасӣ маълум кардааст, президенти баъдии Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ким ва Георгиева бо коргарон мулоқот карда аз онҳо хостанд, ки методологияи арзёбии вазъи Чинро бозбинӣ кунанд. Дар натиҷаи ин кор, мақоми Чин ҳафт зина боло рафта, ин кишвар дубора дар мақоми 78-ум қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG