Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Маҷористон


Марзбонони украинӣ рӯзи 9-уми октябр дар соҳили дарёи Тиса, дар марз бо Маҷористон, зодагони Тоҷикистон ва Арманистонро боздошт кардаанд.

Бино ба иттилоъи Хадамоти марзбонии Украина, сарҳадбонон нахуст як паноҳҷӯи тоҷик ва сипас як арманиро дастгир намудаанд. Тавре маълум шудааст, онҳо чанд рӯзи пеш ба Украина омадаанд. Ному насаби ин ду нафар зикр нашудааст. Мақомоти украинӣ гуфтанд, роҳбаладашон баъди дидани марзбонон фирор кардааст. Дар ҳамон рӯз 5 шаҳрванди Покистон низ ба даст афтодааст.

Нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо барои талоши ғайриқонунии марзи Украина парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG