Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ муовини Абӯбакри Бағдодӣ дастгир шуд


Абӯбакри Бағдодӣ дар рейди амрикоиҳо дар соли 2019 дар хоки Сурия кушта шуд. Акс аз бойгонӣ
Абӯбакри Бағдодӣ дар рейди амрикоиҳо дар соли 2019 дар хоки Сурия кушта шуд. Акс аз бойгонӣ

Нахуствазири Ироқ дар саҳифааш дар Твиттер рӯзи 11-уми октябр хабар дод, ки хадамоти амнияти ин кишвар як муовини раиси кушташудаи гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро боздошт карданд. Мустафо Козимӣ навишт, ки Самӣ Ёсим, як узви баландпояи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва муовини раҳбари собиқи ин гурӯҳ Абубакри Бағдодӣ аз ҷониби ходимони амнияти миллии Ироқ дастгир шудааст. Ӯ аз ин беш ҷузъиёт надод. Худи Бағдодӣ, ки раҳбарии гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ”-ро ба ӯҳда дошту дар қатлу куштори ҳазорҳо нафар гунаҳгор мешавад, соли 2019 дар як рейди нирӯҳои вижаи амрикоӣ дар шимолуғарби Сурия кушта шуд. Ёсим аз он намояндагони баландпояи “Давлати исломӣ” аст, ки ИМА барои иттилоъ дар борааш мукофоти пулӣ пешниҳод карда буд.

XS
SM
MD
LG