Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ИМА ва Бритониё аз таҳдидҳои амниятӣ дар Кобул


Меҳмонхонаи "Серена"-и Кобул
Меҳмонхонаи "Серена"-и Кобул

ИМА ва Бритониё аз шаҳрвандонашон хостанд, ки аз меҳмонхонаҳои шаҳри Кобул, ба вижа аз ҳотели “Серена”, ки дар миёни хориҷиҳо бисёр маъруф аст, худро дур бигиранд. Дар ҳушдоре, ки ҳукуматҳои Амрикову Бритониё субҳи 11-уми октябр нашр карданд, аз “таҳдидҳои амниятӣ” ёдовар шуданд.

Меҳмонхонаи амнияташ пурра таъмини “Серена” дар Кобул то замони ишғоли Афғонистон аз ҷониби “Толибон” дар моҳи августи имсол яке аз маъруфтарин макони таҷаммӯи хориҷиҳо ба шумор мерафт. Аз моҳи август ба ин сӯ масъулияти чандин ҳамлаву таркишҳои пурқурбонӣ дар Афғонистонро гурӯҳи рақиби “Толибон” - шохаи Хуросони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG