Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурезаи туркмантабор соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ шуд


Салима Раҳмон
Салима Раҳмон

Табиби туркмантабори Афғонистон Салима Раҳмон соҳиби ҷоизаи ба номи Нансении Дафтари комисари олии СММ дар умури паноҳандагон шуд.

Дафтари комисари олии СММ дар умури паноҳандагон 29-уми сентябр эълом кард, ки Салима Раҳмон барандаи ҷоиза шуд. Салимаи 29-сола дар Покистон ба ҳайси пизишки занона кор мекунад.

Ба огаҳии СММ, Салима Раҳмон барои "фидокорӣ, далерӣ дар иҷрои вазифаи касбии худ дар давраи пандемияи коронавирус ва талошҳо ба хотири беҳтар кардани таълими духтарон" соҳиби ҷоиза гаштааст.

Ҷоизаро дар Сафорати Швейтсария дар Покистон ба Салима Раҳмон тақдим кардаанд.

Салима Раҳмон гуфт, ин ҷоизаи ӯ ба он равона шудааст, ки гурезаҳои туркман сарфи назар аз вазъ бояд ба кӯдакони худ дониш омӯзонанд. Ба гуфтаи вай, шумори ками туркмантаборон дар Афғонистону Покистон таҳсилдида ҳастанд. Аз ҷумла, духтарони онҳо имкони хеле ками таҳсилро доранд.

Ҷоизаи СММ ба ифтихори муҳақиқ Фритоф Нансен (1861-1930) гузошта шуд, ки вай дар бахши ҳимояи ҳуқуқи паноҳандагон фаъолият мекард.

Суҳбат бо Салима Раҳмонро дар зер тамошо кунед.

XS
SM
MD
LG