Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вайронаҳои Панҷакенти қадимро обод мекунанд. ВИДЕО


Инҷо
Инҷо

Дар Тоҷикистон тармиму бозсозии шаҳри Панҷакенти қадима оғоз ёфт, ки бо сармоягузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён мегирад. Ёдгории машҳури бостонӣ 17 гектар масоҳат дорад ва тарҳи эҳё ва ҳифзи он дар озмуни нигаҳдории ёдгориҳои бостонии Осиёи Марказӣ пирӯз шуд.

Кор барои бозсозӣ ва эҳёи шаҳре, ки якуним ҳазор сол пеш дар ин ҷо вуҷуд дошт, дар авҷ аст. Ҳамеша дар бораи Панҷакенти қадима ба ғайр аз деворнигораҳои машҳураш, ки акнун дар осорхонаи Эрмитажи Русия қарор доранд, гуфта мешуд, аз камтарин шаҳрҳои бостонист, ки мешавад, дар кӯчаҳояш қадам зад. Ба иллати бе нигоҳубин монданаш, имрӯз ба тармими ҷиддӣ ниёз дорад. Созмони ҷамъиятии “Ҷавонони пешсаф”, ки тарҳи муҳофизату тармимро пешниҳод гуфтааст, онро дар муддати кутоҳ анҷом медиҳад.

Малика Додоева, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони пешсаф” мегӯяд:“Иҷрои лоиҳа 1 солу 6 моҳ муайян гардидааст ва маблағи ҷудогардида зиёда аз 170 ҳазор доллари амрикоӣ аст. Қисми асосии маблағ барои барқарорсозӣ ва таъмир равона мегардад ва дар доираи ин лоиҳа дастнавису бозёфтҳои ин мавзеъ ҷамъоварӣ гардида ба таври китоб ҳам нашр мешавад”.

Вайронаҳои Панҷакенти қадимро обод мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Бостоншиносон дар асоси кандуковҳо ба хулосае омадаанд, ки ба ҷуз барқарор кардани девори мудофиавӣ, инчунин ду маъбади зардуштӣ ва ду толори пазироии меҳмонии тибқи одатҳои мардуми қадимаи инҷоро бо деворнигораҳои ороишёфта бунёд кунанд. Ин тарҳро олимон ҳанӯз дар замони Шӯравӣ пешниҳод кардаанд, вале танҳо пас аз 30 соли пошхӯрии он маблағи тарҳ аз тарафи ҳукумати Амрико расид.

Исматулло Раҳматуллоев, бостоншинос: “Мо солҳои 90-уми қарни гузашта тарҳи бозсозӣ кардани ин ёдгориро маблағшуморӣ карда будем. Он давр тибқи ҳисобҳои мо 20 ҳазор суми русӣ муайян шуда буд. Бояд он аз фонди давлати Шӯравӣ ҷудо мешуд. Афсӯс ҳукумати Шӯравӣ барҳам хӯрд ва ин лоиҳаи мо низ то ҳоло иҷроношуда монд”.

Дар асоси лоиҳа то соли 2023 қисме аз шаҳри Панҷакенти қадим, ки зери хок маҳфуз аст, барқарор карда мешавад. Ҳунармандон тарҳи онро аз хиштзанӣ то гилкорӣ ба ҳамон замони мавҷудияти Панҷакенти қадим мутобиқ месозанд. Ҳафриёт дар Панҷакенти қадим бо ҷалби бостоншиносони дохилу хориҷ соли 1947 оғоз шуда ва асосан олимони рус саҳм гузоштаанд. Охирин намояндаи онҳо Борис Маршак дар канори ин ёдгорӣ дафн шудааст.

Исматулло Раҳматуллоев, бостоншинос: “Панҷакенти қадим, ки элемент ва нишонаҳои шаҳриро пайдо кардаанд, барои омӯзиш як манбаъи таърихӣ гардид. Бинобар ин таваҷҷуҳро ба Панҷакенти қадим карданд. Лекин аз соли 1976 Саразм, ки таърихи 5,5 ҳазорсола дораду аз Панҷакенти қадим 4 ҳазор сол зиёдтар аст, таваҷҷуҳ бештар буд. Бо ин вуҷуд мо дар Панҷакенти қадим корҳои бостоншиносиро мегузаронидем, зеро инҷо низ як мавзеъи муҳими сайёҳии ҷаҳонӣ шинохта мешавад”.

Панҷакенти қадим баъди Саразм дуюмин ёдгории таърихии инҷост, ки ба руйхати мавзеъҳои сайёҳии ҷаҳон ворид шудааст. То замони бемории ҳамагир ҳудуди 20 ҳазор сайёҳ ба дидани ин шаҳри қадима меомад, вале 2 сол аст, ки шумори ҷаҳонгардон дар ин ҷо бамаротиб коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG