Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон гуфтаанд, барои маҳви ДОИШ бо Амрико ҳамкорӣ намекунанд


Пулиси Толибон дар кучаҳои Кобул.

Гуруҳи Толибон гуфт, ки барои кашидани лаҷом ва ё маҳви ҷангҷӯёни гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гуруҳҳои тундрав дар Афғонистон бо Амрико ҳамкорӣ намекунад.

Мақомоти Амрико ва раҳбарони Толибон аз рӯзи 9 то 10-уми октябр дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа бори аввал мулоқот доранд. Пас аз тарки Амрико кардани неруҳои ғарбӣ ва ишғоли Афғонистон аз тарафи Толибон бори аввал аст, ки намояндагони ду тараф рӯ ба рӯ гуфтугу мекунанд.

Мақомоти Амрико то ҳол дар бораи ин гуфтушунид хабаре надодаанд. Баъди ишғоли Афғонистон, ҳалқаи “Хуросон”- и ДОИШ пайваста раҳбарони Толибон ва мардуми дигарро дар Афғонистон ҳадаф гирифта, ҳамлаву бомбгузориҳои маргборе анҷом додааст.

Ин гуруҳ аз ҷумла масъулияти бомбгузории маргталабона дар масҷиди шиаён дар шаҳри Кундузро бар уҳда гирифт. Дар натиҷаи ин ҳамла дар рӯзи 8-уми октябр 100 нафар куштаву захмӣ шуданд. Намояндагони ҳарду тараф гуфтаанд, ки мавзуҳои асосии гуфтугу, мубориза бо гуруҳҳои ифротӣ будааст. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки аз Толибон хостаанд, монеи берун омадани шаҳрвандони хориҷӣ ва хоҳишмандони тарки Афғонистон нашаванд.

Як мақоми расмии Амрико бо шарти зикр нашудани номаш ба хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” гуфтааст, Вашингтон ба Толибон хоҳад гуфт, ки ба аҳди худ содиқ бимонанд ва иҷоза диҳанд, ки хориҷиён ва афғонҳое, ки бо ҳукумати Амрикову дигар кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ кардаанд, ин кишварро бе мамониат тарк кунанд. Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки гуфтушуниди рӯ ба рӯ бо Толибон ба маънии омодагии Вашингтон барои ба расмияти шинохтани ҳукумати Толибон нест.

Телевизиони Ал-Ҷазира бо такя ба гуфтаҳои Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии Толибон навиштааст, ки ин гуруҳ аз Амрико хостааст, манъи дастрасӣ ба захираҳои Бонки Миллии Афғонистонро лағв кунад. Пас аз ишғоли Афғонистон, Амрико дастрасии кишвар ба 9 миллиард доллар дороиҳои онро номумкин кард, ки ин сабаби камии пул дар муомилот ва якбора боло рафтани қимати маводи хӯрока ва сӯзишворӣ шуд.

Дар таҳавуллоти дигар Венди Шерман, муовини вазири умури хориҷии Амрико ба сафараш дар Исломобод хотима дод, ки онҷо бо мақомоти Покистон доир ба вазъи Афғонистон гуфтугу дошт. Мақомоти Покистон аз Вашингтон хоста буданд, ки Толибонро ҳамчун раҳбарони нави Афғонистон ба расмият шинохта ва барои пешгирӣ аз фалокати иқтисодӣ дастрасӣ ба захираҳои байналмилалии пули онро имконазир гардонад.

Покистон ҳамчунин аз Толибон хостаанд, ки дар ҳукумат намояндагони қавмҳои дигарро роҳ бидиҳад ва ба ҳуқуқи бунёдии инсон ва ҳуқуқи аққалиятҳои милливу мазҳабӣ эҳтиром бигузоранд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG