Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як намояндаи мухолифинро дар Озарбойҷон зиндонӣ карданд


Ниёмуддин Аҳмадов
Ниёмуддин Аҳмадов

Додгоҳе дар шаҳри Боку як фаъоли мухолифинро аз ҳизби Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон ба сездаҳ сол зиндон маҳкум кард. Ҳукм 8-уми октябр содир шуд.

Ниёмуддин Аҳмадовро ба сармоягузории терроризм гунаҳкор донистанд, вале ӯву ҳомиёнаш иттиҳомро напазируфтанд.

Ба пайвандону ҳамкорони Аҳмадов иҷоза надодаанд, ки ҳангоми эълони ҳукм дар толори додгоҳ ҳузур дошта бошанд. Ниёмуддин Аҳмадов дар ҷаласаи охири додгоҳ бори дигар худро бегуноҳ шумурда, иттиҳомро беасос номидааст.

Вакили мудофеъ гуфт, ки аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят мекунанд.

Мунтақидони Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон, мегӯянд, мақомоти ин кишвар бештар фаъолони мухолифин, хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷомеаи маданиро бидуни далел ва бо ҳадафи саркӯби оппозитсиюн зиндонӣ мекунанд. Алиев ин масъаларо рад кардааст.

XS
SM
MD
LG