Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Муратов ва Мария Ресса - барандаҳои ҷоизаи сулҳи Нобел


Соли ҷорӣ ҷоизаи Сулҳи Нобел ба сардабири нашрияи русии “Новая газета” Дмитрий Муратов ва журналисти филиппиниву амрикоӣ Мария Ресса “барои талошҳояшон дар амри ҳифзи озодии баён” тақдим мешавад. Ин хабар рӯзи 8-уми октябр нашр шуд.

Кумитаи норвежии Нобел дар изҳороте гуфт, “Хонум Ресса ва ҷаноби Муратов ҷоизаи Сулҳи Нобелро барои ҷасораташон дар мубориза барои озодии баён дар Филиппин ва Русия сазовор мешаванд”. Дар изҳорот омадааст: “Айни замон, онҳо аз ҳамаи он журналистоне намояндагӣ мекунанд, ки дар шароити печида барои ормонҳои худ, яъне демократия ва озодии матбуот истодагарӣ мекунанд”.

Ҷоизаи Сулҳи Нобел барои шахсият ва созмонҳое дода мешавад, ки барои “дӯстии байни мардум” беҳтарин талошҳои худро намоиш додаанд.

Соли гузашта Барномаи ғизои СММ, идораи воқеъ дар Руми Итолиё барои муборизааш бо гуруснагӣ дар ҷаҳон барандаи ин ҷоиза шуд. Ба баранда нишони тиллои ҷоизаи сулҳи Нобел ва беш аз 1.4 миллион доллар ҷоизаи пулӣ дода мешавад.

Ҷоизаро соҳибкору саноатчии швед Алфред Нобел дар соли 1895 таъсис дода буд.

Тақдими ҷоизаҳои Нобел имсол аз 4-уми октябр бо эълони барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши психология ва тиб шурӯъ шуд.

XS
SM
MD
LG