Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pfizer ва BioNTech барои эмкунии кӯдакони аз 5-сола боло иҷоза хостааст


Pfizer-BioNTech дар ИМА иҷоза дорад, ки сокинони аз 12-сола болоро зидди COVID-19 эм кунад
Pfizer-BioNTech дар ИМА иҷоза дорад, ки сокинони аз 12-сола болоро зидди COVID-19 эм кунад

Ширкатҳои Pfizer ва BioNTech аз идораи масъули назорати дорувори ИМА дархост карданд, ки эмкунии кӯдакони 5 то 11-соларо бо ин воксина иҷоза диҳад. Аризаи ин ширкат дар Оҷонсии ғизову дорувори ИМА 26-уми октябр баррасӣ мешавад. Ин идора аллакай эмкунии наврасони аз 12-сола болоро дар ИМА бо ин воксина пурра иҷоза додааст. Агар чунин иҷоза дода шавад, дар ИМА 28 миллион кӯдаки 5 то 11-сола ҳақи эмшавӣ бо воксинаи Pfizer/BioNTech-ро ба даст меоранд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҳарчанд COVID-19 барои кӯдакон, назар ба калонсолон чандон осебовар несту дар сурати олудагӣ беморӣ сабуктар пуштисар мешавад, ҳолатҳои марги кӯдакон аз COVID-19 ҳам ба қайд гирифта шудааст. Омор дар ИМА мегӯяд, ки аз замони шурӯи пандемия 520 кӯдак бар асари коронавирус ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG